Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон барои тоза кардани лой ва пешгирии ҳаракати минбаъдаи замин дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҷомӣ дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки фаврии худро расонд.

Бар асари фалокати мазкур, 16 хона пурра хароб гардида, 14 хонаи дигар айни ҳол дар зери хатари фурӯравӣ доранд ва зиёда аз 168 хонавода ба минтақаҳои бехатар кӯчонда шуданд.

Агентии Оғо Хон оид ба макони зист бо дархости роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ), генерал-лейтенант Рустам Назарзода кӯмаки худро пас аз боришоти шадид, ки рӯзҳои 7 ва 8 май рух дод ва сабаби эрозияи сахти хок гардида, боиси фурӯравии замин дар минтақа гардид, расонд.   


Дастгирии мазкур аз 5 тонна сӯзишвории дизелӣ иборат буда, он  барои мошинҳое, ки дар тоза кардани роҳ ва таъмини дастрасӣ ба минтақаи харобшуда ва ба қадри имкон коҳиш додани сатҳи фурӯравии минбаъдаи замин дар ноҳияи Ҷомӣ, истифода шуд. Инчунин, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист омодагии худро барои дастгирии минбаъда дар масоили таъмини дигар эҳтиёҷот ва арзёбии техникӣ дар мавриди зарурӣ нишон дод. 

Роҳбари департаменти идоракунии ҳолатҳои фавқулоддаи Агентии Оғо Хон оид ба макони зист, Наҷиб Яминов қайд намуд, ки "бо назардошти шароит ва боришоти  зимистони имсола, эҳтимолияти ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо зиёд аст ва аз ин рӯ, барои ҳамаи шариконе, ки дар самти посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият доранд, зарур аст, ки ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият диҳанд ва миқдори зарурии лавозимот, аз қабили маводи ғизоӣ,  ғайриозуқаворӣ ва сӯзишвориро захира намоянд ва роҳҳои ҳалли масъалаи ҷобаҷокунии одамони кӯчидашударо пешакӣ ба назар гиранд”.


Ин офати табиӣ ба зиёда аз 168 хонавода, аз ҷумла онҳое, ки дороиҳояшонро пурра аз даст додаанд ва ба хонаводаҳое, ки ҳанӯз ҳам хавфи зиён доранд, зарари калон расонидааст. Бисёре аз ин хонаводаҳо на танҳо молу амволи худро, балки манбаҳои рӯзгор ба монанди боғҳои сабзавот ва чорвои хонагиро низ аз даст доданд, ки он боиси нигаронии ҳукумат мебошад.  

Агентии Оғо Хон оид ба макони зист тайёр аст, ки КҲФ ва дигар шариконро барои коҳиш додани таъсир ба ҳаёт ва воситаҳои зиндагии аҳолӣ  дастгирӣ кунад ва барои иҷрои масъулияти худ оид ба таъмини устувории ҷомеаҳо дар саросари Тоҷикистон, пас аз чунин офатҳои табиӣ, бахусус дар ин вақтҳои душвор, омода аст.

Маълумот оид ба Агентии Оғо Хон оид ба макони зист

Агентии Оғо Хон оид ба макони зист таҷрибаи Фокус – Кӯмаки Башардӯстона, Ташаббуси Шабакаи рушди Оғохон  дар самти идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғо Хон, Фонди Шоҳзода Садриддин Оғо Хон оид ба Муҳити Зистро муттаҳид менамояд. Тавассути агентиҳои пешгузаштаи худ, Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои Қирғизистон ва Афғонистон аз соли 1997 инҷониб фаъолият дорад. Агентии Оғо Хон оид ба макони зист бо мақсади ташаккул додани бархӯрди маҷмуӣ ба тамоми ҷузъҳои таркибии муҳити зисти бехатар ва устувор, ки дар он ҷомеаҳо, оилаҳо ва афроди ҷудогона рушду равнақ карда метавонанд, таъсис дода шудааст.

Барои мубориза бо таҳдиди афзояндаи офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим, фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ба таъмин намудани он равона шудааст, ки табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар чунон шароити физикие умр ба сар баранд, ки онҳоро то ҳадди имкон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ эмин нигоҳ дорад; сокиноне, ки дар минтақаҳои дорои хавфи баланд зиндагӣ мекунанд, ба рафъ намудани офатҳо аз ҷиҳати омодагӣ ва посух қодир бошанд; ва чунин шароит дастрасӣ ба он гуна хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва молиявиро фароҳам оранд, ки боиси пайдо шудани имконоти бештар ва сифати беҳтари зиндагӣ мегарданд. Айни ҳол минтакаҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии Оғо Хон оид ба макони зист ин Афғонистон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ҳиндустон мебошанд.