Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар мавриди роҳандозӣ шудани омӯзиши  «Алифбо ва матни ниёгон»  ё хатти форсиро дар мактабҳои ибтидоӣ, рад кард. Ин ниҳод мегӯяд, ки дар ин замина дар сатҳи вазорат ё ҳукумат ҳеч тасмиме гирифта нашудааст.

Вазорати маориф дар ҳоле ин сару садоҳоро рад кард, ки хабарҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора ба истиқболи шадиди корбарон рӯ ба рӯ шудааст.

Эҳсон Сафарзода, сухангӯйи Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло ҳам мисли гузашта алифбои ниёгон дар синфҳои 7-8-и мактаб дар як ҳафта ду соат омӯзиш дода мешаваду халос.

Хабари ҷорӣ шудани омӯзиши хатти форсӣ дар мактабҳои ибтидоӣ ё синфҳои 1-4 мактабҳои Тоҷикистон аз сӯйи бархе фарҳангиён ва сиёсатмадорони Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуд.

Аз ҷумла, Абдулатифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори маъруфи Афғонистон, раиси Шӯрои ҳамбастагии тоҷикони ин кишвар дар саҳфаи Твиттари худ навишт, ки “ба дастури давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Алифбои ниёгон” дар макотиби ин кишвар омӯзиш дода мешавад. Давлати Тоҷикистон арвоҳи ниёгонашро шод кард”.

Сиям Ноёб  корбари дигари Фейсбк аз Афғонистон навиштааст, ки “Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як фармони тоза ба маорифи кишвараш дастур додааст, ки омӯзиши хатти форсиро дар дабиристонҳо расман оғоз шавад”.

Ин корбар аз ин иқдом истиқбол карда тавзеҳ додааст, ки “бо ин кор, марзи фарҳангии таҳмилӣ миёни Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон бо гузари замон камранг ва дар ниҳоят аз байн меравад”.

Ӯ ҳамзамон навиштааст, ки дар Тоҷикистон хатти расмӣ ва маъмурӣ хатти сириллики русӣ аст, ки дар байни кишварҳои форсизабон як мушкили ҷиддии фарҳангӣ буд. «Аммо ҳоло ин монеаи бузург бартараф карда шуда ва бо мурури замон се кишвари форсизабонро ба ҳам наздик хоҳад кард».

Вале Вазорати маориф ин хабарҳои нашршударо овозае беш намедонад ва мегӯяд, ки “дар ин масъала ягон гапу хабари наве нест».

Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир талоши ҷомеаи фарҳангӣ ва бархе рӯшанфикрони Тоҷикистон барои баргардонии алифбо ё дабираи форсӣ ба унвони алифбои расмии Тоҷикистон зиёдд аст ва барои ин иқдомҳои зиёде ҳам сурат гирифт. Давлати Тоҷикистон то кунун изҳоро медорад, ки шароит барои гузор ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон фароҳам нашудааст.

Дар гузашта бархе вазирону чеҳраҳои расмии ҳукумат изҳор карда буданд, ки ҳоло фурсат ва шароит барои гузаштан ба хатти форсӣ нарасидааст ва дар ҳоли ҳозир ин мавзуъ дар сатҳии расӣ мавриди баҳсу баррасӣ нест.

Яке аз китобҳои омӯзишии таълифшуда дар Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки фанни «Алифбо ва матни ниёгон» баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ба унвони яке аз фанҳои таълимӣ дар макотиби ҳамагонӣ ҷорӣ карда шуд, ки ҳадафи он шинос намудан ва омӯзонидани алифбои арабиасоси тоҷикӣ ва ба ин васила ворид намудани шогирдони макотиби миёна ба ганҷинаву мероси ғании ниёгонамон – адибону мутафаккирон, олимону муаррихон ва ҳамзамон баҳравар шудан аз ганҷинаи бебаҳои мардуми форсизабон мебошад. Фанни мазкур чандин сол, чи дар синфҳои ибтидоӣ ва чи дар синфҳои болоӣ, таълим дода мешуд. Аммо бо сабаби қабули нақшаҳои нави таълим омӯзиши фанни мазкур аз моҳи сентябри соли 2004 дар синфҳои сеюму чорум маҳдуд гардид.

Тавре дар сомонаи маориф гуфта мешавад, ки баъдтар, бо Қарори Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими он дар синфҳои 4–7 ба роҳ монда шуд. 

«Вале, тавре ки таҷрибаи таълими ин фан ва санҷишу омӯзиши мутахассисон нишон дод, дар як ҳафта танҳо як соат ба роҳ мондани таълими фан мушкилоти зиёдеро ба бор меовард. Аз ҷумла, барои кӯдаки синфи чор ба хотир супоридани мавзӯъҳои гуногуни таълими хат дар тӯли ҳафта аз имкон берун аст, бисёр дониши андӯхтаи ӯ фаромӯш мешавад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки таълими фанни “Алифбо ва матни ниёгон” дар синфҳои 7 ва 8, ҳафтае ду соат ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, стандарт ва китобҳои дарсии нав низ таълиф хоҳанд шуд».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.