Аз 18 то 22 май дар Тоҷикистон Намоишгоҳ-ярмаркаи IX байнулмилалии “Таҳсил дар Русия. Тоҷикистон-2021” доир мегардад. Имсол намояндагони 26 муассисаи таълимии Русия шароити қабулу таҳсилро муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора дар саҳифаи Маркази илму фарҳаги Русия дар Facebook хабар дода мешавад.

Бино ба маълумоти марказ, дар аксарияти ин макотиби олӣ айни замон бисёр шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла тибқи барномаҳои магистрӣ дар самтҳои гуногун машғули таҳсиланд.

Дар чорабинии кунунӣ инчунин 4 филиали мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Намоишгоҳ-ярмарка барои хонандагони синфҳои болоӣ, довталабону донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсилро идома доданианд ва волидон, ки ба беҳбуди сатҳи сифати таълими фарзандони худ ҳавасманданд, шавқовару муфид аст.

Дар ин чорабинӣ хоҳишмандон оид ба шароити қабулу таҳсил дар мактабҳои олии Русия, таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои шавқовару муфид барои донишҷӯёни хориҷӣ дар онҳо, шароиту зисту маишат ва стипендияҳои муассисаҳои таълимии ин кишвар маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд.

Зимни кори намоишгоҳ-ярмарка аз намояндагони муассисаҳои таълимӣ бевосита мустақиман метавон машварати зарурӣ дарёфт намуд.

Намоишгоҳ-ярмарка дар Душанбе дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон рӯзи 19 май аз соати 10 то 18:00 ва рӯзи 20 май - аз соати 9 то соати 18:00 кор мекунад.

Дар Хуҷанд намоишгоҳ-ярмарка рӯзи 2 май аз соати 10 то 18:00 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсат (маҳаллаи 17, х.1) баргузор мешавад.

Намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби намояндагии Русский дом дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Рус, инчунин сафорати Русия дар Тоҷикистон доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.