Бар пайи оғози корҳои таъмиру таҷдид дар нақби «Истиқлол» ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд маҳдуд карда мешавад, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз шӯъбаи БДА-и ноҳияи Айнӣ.
Ба гуфтаи сардори шуъба Боирҷон Додоҷонов, аз имрӯз корҳои таъмирӣ оғоз шуда, аз ин рӯ, ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи нақби «Истиқлол» сар аз имрӯз аз соати 6:00 то 12:30 аз самти Хуҷанд ба Душанбе манъ карда шуд.
“Аз соати 12:30 то 19:00 аз самти Душанбе ба Хуҷанд ҳаракати нақлиёт манъ карда мешавад, - гуфт Додоҷонов. - Дар ин соатҳо ҳаракати роҳ дар дохили нақб яксамта сурат мегирад”
Сардори шуъбаи БДА зикр кард, ки аз соати 19:00 бегоҳӣ то соати 6:00 – саҳарӣ роҳ ба ду самт комилан боз шуда, ҳаракати воситаи нақлиёт бе мамониат сурат мегирад, чун шабона корҳои таъмирӣ гузаронида намешаванд.
Зимнан зикр шуд, ки ин кор дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифта, корҳои таъмир метавонанд то 3 моҳ давом ёбанд.
«Дар нақби «Истиқлол» дар доираи корҳои таъмирӣ чароғ, камераҳои назоратӣ ва барои тоза кардани ҳавои дохили нақб ҳавотозакунакҳо насб карда мешаванд”, - илова намуд Додоҷонов.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Чӣ гуна мақомоти Тоҷикистон бо ифлосшавии ҳавои атмосфера мубориза мебаранд?
Футболбози африқоӣ забони тоҷикиро омӯхт ва муваффақ шуд. Ӯ кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста