Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ  васеъкунии шабакаи худро дар вилояти Хатлон идома медиҳад.

Дар моҳи май МегаФон Тоҷикистон зиёда аз 15 пойгоҳи нави базавии  наслҳои сеюм ва чорумро ба истифода супорид. Акнун дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Ёвон ва дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак суръати интернети мобилӣ то 30 Мбит/с барои муштариёни оператор дастрас мебошад.

Дар якчанд ҷамоатҳои ноҳияҳои Дӯстӣ, Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бори аввал сокинон имконият пайдо карданд, ки аз интернети баландсуръати ширкати «МегаФон Таджикистан» истифода баранд. Дар ҷойҳое, ки қаблан 4G дастрас буд, қобилияти гузариши шабакаи насли чорум васеъ карда шуд.

Яъне, минбаъд  бештари истифодабарандагон метавонанд ҳамзамон бо суръати баландтарин ба интернет ворид шаванд. Ин барои тамошои видео дар смартфонҳо бидуни қатъшавӣ, машғул шудан бо онлайн-бозиҳо, ирсоли аксҳо, видео ё ҳуҷҷатҳо имкон медиҳад. 

«Рӯз то рӯз  талабот ба хизматрасониҳои муосири интернетӣ дар байни муштариён меафзояд. Аз ин рӯ, мо ҳар сол шабакаро такмил медиҳем, пойгоҳҳои иловагии пойгоҳӣ насб намуда, дар ноҳияҳои дурдаст бори аввал 4G-ро роҳандозӣ менамоем. Акнун муштариёни мо метавонанд интернетро бо суръати баланд ҳатто дар баландкӯҳҳо истифода баранд. Ҳамаи ин на танҳо хизматрасониҳои  нави рақамӣ, балки сифати зиндагӣ маҳсуб меёбад», – иброз дошт Директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ.