Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист 5 июни соли равон таҳти унвони «Велосипед барои табиат» марафони велосипедронӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳифзи зисти ҷумҳурӣ, аз субҳи барвақт ҷавонону наврасони зиёде бо велосипедҳояшон дар назди даромадгоҳи марказии Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»- и пойтахт ҷамъ омада буданд.

Гуфта мешавад, пеш аз оғози марафон ба иштирокчиёни марафон – велосипедронҳои касбӣ ва дӯстдорони велосипедронӣ, ки шумораашон наздики 400 нафарро ташкил медод, майкаҳо бо навиштаҷоти «Иқдомоти иқлимӣ» ва обҳои ташнашикан тақсим карда шуд.

Дар маросими кушодашавии чорабинӣ раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо суханҳои табрикотӣ баромад намуданд.

Зимни суханронии онҳо иқдомҳои созандаи сарвари давлат ва раиси пойтахт доир ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологии аҳолӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гӯшаву канори Ватан, бахусус шаҳри Душанбе зикр карда шуд.

Аз хатти оғоз – аз шоҳроҳи назди даромадгоҳи марказии Наврӯзгоҳи пойтахт то роҳи ҳалқагии муҷассамаи Товус ва бозпас, ки масири он 7,5 км-ро ташкил медод, тибқи тартиби муқарраргардида нахуст велосипедронҳои касбӣ ба ҳаракат даромаданд.

Дар қатори дуюм паролимпиадачиёни велосипедрон, қатори сеюм — наврасон, дар қатори чорум бонувон ва қатори панҷум ҳавасмандон бо фосилаи муайян саф оростанд. Дар қатори иштирокчиёни веломарафон ҳамзамон намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Зикр мегардад, ки раиси Кумита Баҳодур Шерализода ва муовинони раиси пойтахт М.Муинӣ ва Т.Раҳимзода мукофотуҳои пулӣ ва медалу ифтихорномаҳои кумитаи тадорукотро ба ғолибон супурданд.

1/6

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.