Навори кӯтоҳи лаҳзаи ба рӯи раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон шаппотӣ задани як шахс, ки дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ҳамагӣ дар зарфи чанд соати аввал дар Твиттар беш аз 4 миллион бинанда дошт.

Макрон, ки ба минтақаи Дроми Фаронса сафар карда буд, пас аз дидани як мактаб ба сӯи издиҳоми одамон, ки дар кӯча буданд рафт ва аввалин шахсе, ки бо ӯ рӯ ба рӯ шуд, ба рӯяш як шаппотӣ зад.

Бино ба гузоришҳо, дар робита ба ин ҳодиса ду нафар боздошт шудаанд. Сарвазири Фаронса Жан-Кастилӣ ин ҳодисаро "таҳқири демократия" номидааст, хабар медиҳад BBC Persian.

Таърих нишон медиҳад, ки ин навъи эътироз ё монанд ба ин дар ҷаҳон бори аввал набуда, дар таърих ҳолатҳои зиёде буд, ки ба сӯи президентҳои  кишварҳои гуногуни ҷаҳон кафш ҳаво додаанд, бо шапптоӣ задаанд ва ё бо тухм онҳоро нишон гирифтаанд. Мавзуъ ин аст, ки яке аз нахустин ҳодисаҳои инчуниниӣ замоне ҳатто дар Тоҷикистон рух дода буд.

Аз партоби калӯш ба сари Маҳкамов то “кафши тиллоӣ” ба сари Буш

Маҳкамов, президенти вақти Тоҷикистон

Моҳи феврали соли 1990, вақте котиби якуми кумитаи марказии ҳизби коммунист-раҳбари вақти Тоҷикистон, Қаҳҳор Маҳкамов ба пеши эътирозгарони тазоҳуроти “баҳманмоҳи хунун” баромад, кадоме аз байни издиҳом ба сӯяш калӯш андохт. Он замон, ки оғози ҷанги шаҳрвандӣ буд, ба ин ҳодиса камтар аҳамият дода шуд. Соли 2016 худи Қаҳҳор Маҳкамов дар маҳфиле дар ин масъала лаб кушода, гуфт баъди чанд сол ҷавони ба сӯяш калӯшандохтаро вохӯрдааст ва ӯ аз Маҳкамов бахшиш пурсид.

Маҳкамов дар як суҳбат бо маҷаллаи “Элита” солҳо баъд гуфта буд, ки ин нафарро дар бозори Шоҳмансур дида буд. “Вақте ба бозор рафтам, ҳама ба суйи як нафар механдиданд. Пурсидам, кӣ чӣ гап аст, гуфтанд ин одам тахаллусаш Калуш аст ва ҳамонест, ки шуморо зада буд”.

Баъди рўйдоди басо ҷолиби кафшҳои журналисти ироқӣ Мунтазир ал-Зайдӣ расонаҳои хабарӣ бо таваҷҷуҳи бештар қазияро пайгирӣ карданд ва дида шуд, ки то ва баъди Зайдӣ ҳам ин кафшзаниҳо будааст.

Дар як нишасти матбуотӣ дар Ироқ, ки 14-уми декабри соли 2008 баргузор шуд, журналисти ироқӣ Зайдӣ ду кафши пойи худро бароварда, яке паси ҳам бо суханони «Ин туҳфаи ироқиён. Ин бўсаи хайрбодӣ бо ту, саг» ба сари президенти ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ ҳаво дод. Буш ранҷ надид, аммо микрофони аз зарби кафш ларзида, ба чашми котиби матбуотии ӯ Дана Перино зад ва захмӣ шуд. Барои ин амал, Зайдиро се сол ҳабс карданд ва ӯ баъди тақрибан як соли ҳузураш дар зиндон 11 сентябри соли 2009  озод шуд.

Дере нагузашта, худи Зайдиро ҳам тақдири Буш такрор шуд. 1 декабри соли 2009 ҳангоми баргузории нишасти матбуотӣ яке аз журналистон бо шиори “Ироқ кишвари ишғолшуда нест, як пойафзоли дигар барои ту” ба сӯи Зайдӣ кафши худро ҳаво дод. Мисли Ҷорҷ Буш ин кафш ба Зайдӣ нарасид. Ин ҳодиса ба ҳадде дар дунё фарогир ва маъруф шуд, ки ҳоло дар Википедиё саҳфае бо номи "Кафши Буш" дастрас аст.

Кафш дар ҳаво ба сӯйи Буш

Чӣ гуна кафш танҳо бар сари Карзайу Саддом расид

2 феврали соли 2009 аспиранти Донишгоҳи Кэмбриҷи Бритониё Мартин Янке ҳангоми суханронии сарвазири Чин дар Донишгоҳи мазкур кафшҳои худро ба сӯи Вен Ҷибао ҳаво дод. Кафш аз Вен Ҷибао тақрибан як метр хато хӯрд. Сарвазири Чин дар Кэмбриҷ дар бораи асароти бӯҳрони саросарии молӣ сухан меронд.

Эътирозгар, ки аз сӯи маъмурони амниятии донишгоҳ боздошт шуд, ҳуштаккашон шиор медод, ки “Чӣ гуна ин донишгоҳ худро мисли фоҳиша ба ин диктатор мефурӯшад?”

Баъдан, расонаҳо навиштанд, ки Мартин барои ин амалаш аз сарвазир узр пурсидааст ва ӯ  ҳам аз роҳбарияти Донишгоҳ талаб намудааст, ки донишҷӯро хориҷ накунанд.

Моҳи феврали соли 2010 як марди суриёнӣ дар Испания ба сӯйи он замон нахуствазир ва ҳоло Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон пойафзоли худро партофт. Ин ҳодиса ҳангоме рӯй дод, ки Эрдуғон баъди дарёфти як ҷоизаи ҳамкориҳои фарҳангӣ аз дохили бинои шарҳдорӣ берун меомад. Пойафзоли партофташуда аз болои сари Эрдуғон гузашт. Мард пеш аз партофтани пойафзол ҷумлаи “Зинда бод Курдистон”-ро ба забон овардааст.

Инчунин, таърихи чанд соли охир ёд дорад, ки эътирозгарон ба сари Осиф Алии Зардорӣ, собиқ президенти Покистон, ҳангоми суханронияш дар Бритониё, Саддом Ҳусейн-президенти марҳуми Ироқ дар ҷараёни мулоқоташ бо мардуми Курдистон, Ҳомид Карзай-собиқ президенти Афғонистон дар вақти суханрониаш дар донишгоҳи Кобул ва Маҳмуди Аҳмадинажод-президенти пешини Эрон, ҳангоми суханрониаш дар шаҳри Сории Мозандарон кафш ҳаво дода буданд. Аммо аз миёни ин ҳама, кафшҳо танҳо ба сари Карзайу Саддом ба нишон расида буд.


Аз кафшпартоии ҳалкунанда то жести рамзии сиёсӣ

Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ин ё он давр эътрозгарон на танҳо ба сӯи президенти кишварҳо, ҳамчунин, ба сӯи вазирон, сафирон ва ҳатто сарвазирон кафш мепартофтанд. Масалан, замоне донишҷўёни фаластинӣ дар ҷараёни суҳбати сафири давлати яҳудӣ дар Стокҳолм пойафзоли худро ба сари ў ҳаво дода буданд.

Дар донишгоҳи Истамбул бошад кафши донишҷўён ба сари Директори пешини Сандуқи байналмилалии асъор Доминик Стросс-Кан зада буд.

Таҳлилгарон мегўянд кафшпартоӣ на ҳамеша василаи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, аҷзу нотавонӣ бар қассос ва ё изҳори бадбинӣ аст, балки дар баъзе маворид он чун василаи бовар кунонидан ҳам хидмат кардааст. Барои мисол кафши партовшуда ба сўи сарвазири Юнон Георгиос Папандреуро, ки як духтур аз шаҳри Салоники ба хотири бовар кунонидани ў ба ҳаққонияташ партов кардааст. Мегўянд баъди ин Папандреу аз ёваронаш пурсид, ки он мард аслан чӣ мехост ва чаро даст ба ин иқдом зад?

Сабабаш он будааст, ки писари духтур баъди гирифтани маълумоти олӣ кор ёфта наметавонад ва ўро ҳич созмоне ба кор таъмин намекунад. Ин буд, ки духтур бордони мошинашро пур аз пойафзоли куҳна кард ва ба мулоқоти сарвазир шитофт. Аммо ҷолиб он аст, ки пулиси Юнон дар ин амали духтур нишони ҷиноят пайдо накард, чун ҳадафи вай бо кор таъмин кардани фарзандаш буд. Аз ин рў ўро ба зудӣ ҷавоб доданд.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамчунин, дар робита ба ин ҳодиса се нафар дастгир шудаанд.

Ин дафъа,  гурӯҳи 70-нафараи мусалмонон дар Лондон ба сафири Исроил дар Британия кафш ҳаво доданд. Пулис баъди таҳқиқи рўйдод онро ин гуна хулоса кард: партов кардани кафшҳо жести рамзии сиёсист ва дар он нишоне аз хушунат дида намешавад.


Тухм ба сари Рӯҳонӣ ва президенти Лаҳистон

Ба ғайр аз партови кафш ва задани шаппотӣ, ҳамчунин таърихи сиёсатҳои башарӣ ҳамла бо тухмро ҳам ба сиёсатмадорон ёд дорад. Сиёсатмадорони гуногун дар кишварҳои мухталиф ба ин навъ эътирозҳо рў ба рў шудаанд.

Раисҷумҳури Эрон Ҳасани Руҳонӣро низ баъди бозгашташ аз Ню-Йорк, ки дар СММ суханронӣ дошт, дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон чанд тухм ва кафш ба “сараш хўрд”. Сабаб он буд, ки тундравони исломӣ намехоҳанд миёни Эрон ва ИМА созиш бошад ва Руҳонӣ аввалин сарвар аз замони инқилоби исломӣ буд, ки бо сарвари Кохи Сафед телефонӣ гуфтугўи карда буд.

Моҳи июли соли 2013 дар шаҳри Лутски Укроин ба сари президенти Лаҳистон Бронислав Коморовский тухм ҳаво дода буданд. Он замон мақомоти укроинӣ инро кори дасти неруҳои вафодор ба Маскав унвон карданд.

Охири моҳи апрели соли 2013 дар Алмато Андрей Суканов вазири меҳнат ва шуғли аҳолии ин кишвар Серик Абденовро бо ду тухм зад ва ин рафторашро бо он асоснок кард, ки ин вазир ҳамаро масхара мекунад.


Моҳи сентябри соли 2019 полиси Монреал мардеро дастгир намуд, ки ба тарафи сарвазири Канада Ҷастин Трудо тухми мурғ ҳаво дода буд. Ҳангоми кофтуков дар ҷайби мард боз шаш тухми дигар пайдо карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.