Ислоҳоти Мирзиёев, модарсолорӣ, пул надоштани бонкоматҳо, суҳбат карда натавонистани рӯзноманигорони телевизионҳо, нархи маҳсулот аз ҷумлаи мавзуъоти ин ҳафтаи нашрияҳои чопи Душанбест.

Рӯзномаи “ИмрӯзNews” дар шумораи рӯзи 7 июни худ мусоҳибаи муфассалро бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл нашр намудааст. Сафири Туркия дар ин суҳбат ба сару садоҳо ба пуштибонии Анқара аз Бишкек дар даргириҳои Тоҷикистону Қирғизистон посух додааст.

Дар идома сафир дар мавриди муноқишаи ахири марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва мавқеи Таркия дар ин ҳаводисро шарҳ додааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки Туркия ҳамеша ҷонибдори муносибати хуби Тоҷикистону Қирғизистон аст ва овозаҳо дар мавриди он ки дар ин ҳаводис Туркия ба Қирғизистон авлавият медиҳад, нодуруст аст. "Пуштибонӣ аз як ҷониб сенарияи бадтарин дар муносибати байни кишварҳост",-гуфтааст сафир.

Сафири Туркия ба суоли он ки чӣ гуна тоҷирони Туркия дар бозори Тоҷикистон тез мавқеъ пайдо карданд, посух додааст, ки “сабабаш сахт набудани рақобат дар бозори Тоҷикистон аст”.

“Иқтидори зеҳнӣ ба таври кофӣ истифода намешавад. Чаро?” мақолаест, ки нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон “Ҷумҳурият” дар шумораи нави худ (№115 (24222) 9 июни соли 2021) нашр кардааст. Дар бахше аз ин мақола дар мавриди фирори мағзҳо сухан меравад ва аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки чаро бештари ҷавонони муваффақ ба хориҷа мераванд ва онҳоро мақомоти ваколатдори соҳаҳо барои пешбурди иқтисодиёти кишвар ҷалб намекунанд.

Дар бахши дигари мақола баҳси кор наёфтани донишҷӯён ва коргар ҷустаи корфармоён баҳс мешавад. Аз ҷумла гуфта мешавад, ки сабаби норасоии кадрӣ ин ҷавобгӯй набудани мутахассисон дар касбҳои худ аст. Дар идома аз норасоии кадрӣ дар ҳамаи соҳаҳо, махсусан соҳаи саноат ва набудани мутахассисоне, ки таҷҳизоти муосири техникиро хуб медонанд, гила карда мешавад.


Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумора охирини худ (№24 (758) 9 июни соли 2021) ҳолати ногувори литсейҳои касбии вилояти Хатлонро мавриди баррасӣ қарор додааст. Дар мақола, ки ба унвонии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон навишта шудааст, гуфта мешавад, аксари литсейҳои касбии техникии ин вилоят ҳолати ногувор доранд.

Таъмирталаб будани бинои таълимӣ, сехҳои омӯзишӣ як паҳлӯи масъала, масъалаи дигар худсарона ишғол кардани хобгоҳи чанде аз литсейҳоӣ ва табдил додан ба манзили истиқоматӣ аз ҷониби сокинон аст,  ки масъулон солҳо наметавонанд ин мушкилиҳоро бартараф кунанд,-менависад муаллифи мақола.

Дар идома, аз номи раиси ноҳияи Дӯстӣ қайд мешавад, ки барои таъмири як литсейи касбӣ дар ноҳия 6 млн сомонӣ зарур аст, ки чунин имконро онҳо ҳоло надоранд. 

Дар мақолаи “Назорати нарх ба зиммаи кист?”, ки ба баландшавии нархи гӯшт ва газ дар кишвар бахшида шудааст, зикр мегардад, бо вуҷуди он ки маошу нафақа дар кишвар 10-15 фоиз баланд карда шуданд, вале нархи  ду навъи маҳсулот то 100 фоиз баланд гардадааст. Дар идома гуфта мешавад, ки “аз беаҳамиятӣ ва беназоратии масъулини соҳа назорати нарх қурби пули миллӣ торафт паст шуда, сатҳи камбизоатии мардум афзуда, мушкилоти зиндагӣ пеш омада истодааст.”

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (№23 (1430) 09.06.21) мусоҳибаи сармуҳаррири ҳафтанома Шарифи Ҳамдумпурро бо Манижаи Сангин, овозхони тоҷиктабори Русияро, ки дар Озмуни “Евровидиние” ин кишварро муаррифӣ карда буд, нашр кардааст.

Ӯ дар посух ба суоли он ки сабаби ин ҳама бадбиниву хусумат нисбат ба ӯ дар чист гуфтааст, “эҳтимол зиндагии душвор боиси он шудааст, ки мардум ҳассосияти худро дарк намекунанд ва ғазабашонро идора карда наметавонанд”.

“Занони муштзӯр...” мақолаи дигари ҳафтаномаи мазкур аст, ки дар бораи занони ба шавҳарони худ фишор меоранд ва онҳоро мавриди лату кӯб қарор медиҳанд, сухан меравад. Дар мақола гуфта мешавад, ки “ҳодисаи охири шиканҷа шудани мард аз ҷониби занаш ҳушдор медлиҳад, ки дар ҷамъият занҳои муштзӯр зиёд мешванд ва дур нест, ки мардони зери шиканҷа мушкили аслии ҷомеаи мо гардад ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи мардон, чун ҳимояи ҳуқуқи занон низ пайдо шавад”.


Ин ҳафта метавонед, дар саҳифаи дуи ҳафтаномаи “Самак” (№24 (502) 9 июни соли 2021) баҳси кушодашави роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Русияро хонед.

Баҳси тамоккукашӣ, ки аз шавқу одату беморӣ оғоз шудаву ва билохира, ба марг оварда мерасонад, баҳси дигари мақолаи ҳафтаномаи “Самак” мебошад.

 “Реформы президента Мизиёева” сармақолаи ҳафтаномаи “Азия-плюс” (№22 (1507) 10 июни соли 2021) аст, ки дар шумораи рӯзи панҷшанбе нашр шудааст. Дар мақола, ислоҳоти 5 соли охир дар Ӯзбекистон, ки Шавкат Мирзиёев баъди ба қудрат расиданаш роҳандозӣ кардааст, арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, сиёсати кадрӣ, қонун ё озод кардани иқтисодиёт: ислоҳот дар гумрук ва андоз, хусусигардонии замин, технология нав, ВАО, ҷомеа ва ҳуқуқи инсон, мубориза бо фасод дар макотиби таҳсилоти олӣ, баланд бардоштани маоши муаллимон, ҳимояти президент аз муҳоҷирони меҳнатӣ, манъи меҳнати маҷбурӣ ва имиҷи нав аз ислоҳоте гуфта мешавад, ки ба гуфтаи муаллифи мавод Пайрав Чоршанбиев Мирзиёев дар замони роҳбариаш дар Ӯзбекистон ворид намуд.

Хонандагон метавонанд, сабаби камчинии пули нақд дар бонкоматҳои “Амонатбонк” ва шарҳи масъулини худи Амонатбонк ва Бонки милллиро дар робита ба ин мавзӯъ дар матлаби “В ожидании денег...”-и ҳафтаномаи “Азия плюс” мутолиа намоянд.


Масъалаи тарбияи кӯдакон дар кишвар ва мушкилот дар ин самт дар матлаби дигари ҳафтанома ба баҳс кашида шудааст, ки дар асоси як назарсанҷӣ дар “Фейсбук” омода гардидааст.

Дар “Азия плюс” ҳамчунин, метавон матлабҳои “Искусственный интелект в Душанбе», «Handmade, сухофрукты, сувениры…», «Бизнес на кухне…» «Наш человек в Гарварде», «Как начать бегать», «Роскошный кундаль и Ленин ещё молодой» “Как прежить жару в городе” ва ғайраро мутолиа кард.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР» дар шумораи тозаи нашрия баҳси модарсолорӣ дар замони Шӯравӣ ва нақши падар дар таъмини оила ва таълиму тарбияи онро мавриди тбаррасӣ қарор додааст. Ӯ менависад,  падаррро, ки ризқу рӯзирасони оила аст, набояд паси дар кард.

Дар идома пешниҳод менамояд, ки ба хотири эҳтиром ба падар ва нақши он дар таъмини оила як рӯзро ҳамчун Рӯзи падар ташкил кунем ва ба ҷойи тақдими гӯл ба ӯ занг зада, “Салом Падар! Идат мубоарк!!!” гӯем.

Дар маводи дигари ҳафтанома, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ аз суҳбат ороста натавонистани журналистони телевизонҳо изҳори нигаронӣ намудааст.

- Дар суҳбат бояд таззод, бархӯрди нуқтаи назари мухолиф, инкишофи фикр аз рӯи нақшаи пешакии сенария вуҷуд дошта бошад,-гуфтааст ин журналисти оянда.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.