Валерий Аҳадов - коргардони театру кино, сенариянавис, Ходими шоистаи санъати Русия ва Тоҷикистон роҳбари бадеии Хонаи марказии кинематографистон таъин шуд. Маълумот дар ин бора дар саҳифаи расмии Хонаи марказии кино дар Facebook нашр шудааст.

“Дар ин робита, натиҷаи озмуни бунёди логотипи нави Хонаи марказии кинематографистон, ки баҳор гузаронида будем, моҳи июн эълон мешаванд. Ин муддат барои он лозим аст, ки Валерий Боқиевич бо вариантҳои пешниҳодшуда шинос ва ба онҳо баҳо диҳад”, - гуфта мешавад дар эълон.

Валерий Аҳадов 9 августи соли 1945 дар Самарқанд ба дунё омадааст. Маълумоти якумаш файласуф аст: соли 1963 ба риштаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав дохил шудааст.

Соли 1971 факултаи коргардонии Донишкадаи умумиттифоқии давлатии кинематография (ВГИК), гурӯҳи Е.Дзиганро хатм кардааст.

То замони таҳсил дар ин Донишкада дар киностудияи “Тоҷикфилм” ба ҳайси рӯшноидиҳанда ва ёвари наворбардори кор карда, дар чанде аз филмҳо нақш бозидааст. Муаллифи филмҳои мустанад мебошад.

Солҳои 80-ум муддати тӯлонӣ ба Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон роҳбарӣ карда, саркоргардони Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский буд.

Солҳои 1990-ум бо гурӯҳе аз актёрон ба Магнитогорск рафта, аз соли 1991 саркоргардони Театри драмавии Магнитогорск мебошад. Дар ин ҷо ба ташкилу баргузории ҷашнвораҳои кино ва театрӣ саҳм мегузорад.

Бино ба маълумоти Википедия, аз соли 2004 дотсенти Институти давлатии умумиттифоқии кинематографистони ФР (ВГИК) шаҳри Москва мебошад.

Бо унвонҳои Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Тоҷикистон  (с.1973) ва санъати Русия, Академики Киноакадемияи «Ника» қадрдонӣ шуда, Узви раёсати Гилдияи кинорежисёрони Русия ва Узви доимии ҳайти ҳакамони кинофестивали «Сталкер» аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.