Маҳмадсаид Аҳмадов, овозхони маъруфи наътхон ва Ҳунарпешшаи халқии Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт субҳи имрӯз дар зодгоҳаш шаҳри Ҳисор,  дар сини 66-солагӣ даргузашт. Дар ин бора Фурқати Саид раиси дастаи "Шашамақом"-и Тоҷикистон дар саҳфааш дар Фейсбук хабар додааст.

Маҳмадсаид Аҳмадов бо хондани ғазалу қиссаву ривоятҳои динӣ ва сӯфиёнаву ирфонӣ дар миёни ҳаводоронаш дар Тоҷикистон бо номи Қорӣ Маҳмадсаиди Ҳисорӣ бисёр маъруф буд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаводорони зиёде дошт. Қарор аст маросими ҷанозаи ӯ, имрӯз баъд аз намози пешин  дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор баргузор шавад.

Ин ҳунарманди маъруф соли 1955 дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор  таваллуд шуда аст. хатмкардаи Коллеҷи фарҳанг ва Донишкадаи фарҳанги ба номи Турсунзода буд. Солҳои 1975-1976 ба унвони ҳунарманд дар ноҳияи Данғара, 1976-1977 дар ноҳияиЛахш ва солҳои1978-1981 дар ноҳияи Нуробод кор карда буд. Аз соли 1981 то поёни умр дар шуъбаи фарҳанги Ҳисор кор мекард.

Ба ҷуз унвони Ҳунарпешшаи халқии Тоҷикистон ҳамчунин бо медали "Хизмати шоиста" низ аз сӯйи ҳукумат қадр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.