Рӯзи 8 июл овозхон Манижа, ки дар озмуни мусиқии “Евровидение” бо суруди “Русская женщина” зинаи нуҳумро касб кард, 30-сола мешавад.

Ин ҷашнро сароянда бо консерт дар толори “Крокус Сити Холл”-и шаҳри Маскав таҷлил карданӣ буд, ки аввалин ҳунарнамоиаш пас аз иштирок дар озмуни “Евровидение” дар Роттердам буд.

Лекин бо сабаби сабти афзоиши шумори сироятёфтагон аз коронавирус, дар шаҳри Маскав маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, онҳо ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ низ дахл карданд. Дар бораи баргузор нашудани консерташ рӯзи 8 июл Манижа дар Instagram хабар дод.

“Консерт дар ҷашни зодрӯзам, 8 июл мутаассифона, бинобар сабаби аз 15 июн то 15 июл дар вилояти Маскав манъ шудани баргузории чорабинищои омммавӣ доир намегардад”, - навиштааст овозхон.

Манижа илова кардааст, ки рӯзи баргузории консерт ба 19 сентябр гузаронида шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда ҳаққонӣ щисобида шуда, фурӯши билетҳо ба рӯзи нави консерт оғоз шудааст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.