Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи тиҷорати Кембриҷ бо ҳадафи дастгирии ширкати мухобиротии Тисел дар давраи пас аз пандемия барномаи омӯзишии амалиеро таҳия кардааст.

Ҷанбаҳои калидии ин барномаи омӯзишӣ шомили тиҷорат ва навоварӣ, таҳаввулоти рақамӣ ва устувории тиҷорат мешаванд.

Ба сабаби рақамӣ шудани тиҷоратҳо ва тариқи онлайн ироа шудани хадамоти омӯзишӣ болои фароҳамкунандагони интернет барои густариши хадамот ва истифодаи фанновариҳо фишори бештаре мешавад.

Донишгоҳи Осиёи  Марказӣ бо шарикони худ барои расидагӣ ба ин масъалаҳо ва чолишҳои дигари оянда дар заминаи иртиботот барномаи махсуси омӯзиши таҳаввулоти рақамӣ, шеваҳои роҳбарию фарҳанг ва мудирияту навовариро таҳия кардааст.

Ин барномаи омӯзишӣ дар кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад ва дар он кормандони ширкати Тcell иштирок хоҳанд кард. Барномаи омӯзишии мазкур намунае аз таҷрибаҳои нав ва дидгоҳҳои гуногунро дар мавзӯъ ва қолабҳои васеъ ироа мекунад.

Дар ин барнома ба хотири дар амал истифода бурдани маводҳои донишгоҳҳои шарик усулҳои таълимӣ ва равишҳои гуногун бо шумули мавзӯъҳои мушаххас бар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

Дарсҳо дар шакли барномаи ҳузурӣ ва як дарси онлайн аз ҷониби устодони донишгоҳҳои шарик ва роҳбарони иҷроияи ширкатҳои мухобиротӣ баргузор мегарданд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ илова бар роҳандозӣ кардани дарсҳои сатҳи боло барои саҳмгузорӣ дар равнақ додани шеваҳои роҳбарӣ, идеяҳо ва овардани навоварӣ дар иқтисодҳои дар ҳоли гузариши минтақа талош мекунад. Инчунин аз тариқи барномаҳои омӯзишӣ ва тадқиқотии муосир ва ҳамкориҳои ҷаҳонӣ ба дунболи овардани арзишҳост.

Ин ҳамкориҳо ба хотири анҷом додани тадқиқотҳои муштарак ва баҳравар кардани пажуҳишгарони донишгоҳҳои ҳамкор ва инчунин ташкилотҳои Шабакаи Оғохон оид ба Рушд (AKDN) роҳандозӣ шудаанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ муассисаи омӯзишии хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва дунявӣ буда, аз тариқи шартномаи байналмилалӣ байни президентҳои кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Волоҳазрат Оғохон таъсис ёфтааст; аз тарафи парлумонҳои ин се кишвар ба тасвиб расида дар Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шудааст.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба унвони муассисаи олии омӯзишии беназир ба рушди манотиқи куҳистон тамаркуз карда, кампусҳои Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи худро дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Нарини Қирғизистон бунёд кардааст. Сохтмони кампуси сеюми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Текелии Қазоқистон дар марҳилаи барномарезӣ қарор дорад.

Кампусҳои Донишгоҳ аз тарафи Арата Исозакӣ, меъмори ҷоизадор тарроҳӣ шудаанд. Мактбаи олии рушди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз се донишкадаи тадқиқотӣ ва Мактбаи маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) иборат аст. Шурӯъ аз соли 2006 бештар аз 172 ҳазор донишомӯз курсҳои ММКД-ро хатм кардаанд.