Рӯзномаи “Ҷумҳурият” – нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон дар шумораи навбатии худ (16.06.2021) мақолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Созмони Ҳамкории Шанхай ва ҳамчунин мусоҳибаи ӯ ба муносибати 20 солагии таъсисёбии СҲШ-ро нашр намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи худ дар мавриди нақши ВАО дар рушди ҳамкории байни давлатҳои аъзои СҲШ гуфтааст, ки “Муҳит дар дохили кишвар ва ҳам дар муносибатҳои байни давлатҳо аз мавқеи  рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва дигар нафарони эҷодкор вобаст аст”.

Дар идома раисиҷумҳур итминон кардааст, ки қарорҳое, ки дар ҷаласаи душанбегии Созмон қабул карда мешаванд, ба таҳкими минбаъдаи амният ва суботи минтақавӣ, роҳандозии ҳамкорӣ дар доираи он дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хидмат хоҳанд кард.


 

Нигаронии “одамони набераи президент” ва сарусадои коронаврус

Ин ҳафта хабарнигори рӯзномаи “Тоҷикистон” (№24 (1431) 16.06.2021) аз рӯзи қабули раиси ноҳияи Файзобод гузориш додааст. Аз ҷумла, журналист менависад, ки як сокини ноҳия аз худсарона аз худ кардани замини чарогоҳаш аз ҷониби шахсони алоҳида шиква карда, ба раис  гуфтааст, ки “онҳо аз номи набераи Президент ҳарф мезананд”. Дар посух ба ин, масъулини ноҳияи Файзобод “Бадном мекунанд” гуфта овоз баланд кардаанд ва раис тавсия додааст, ки доир ба мушкилияш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд.

Маталаби дигари нашрия таҳти унвони “Коронавирус баргашт?...” дар бораи гуфтугузорҳо дар мавриди гирифтории чанд нафар аз коронавирус аст, ки дар он радди ин иттилоъ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба нашр расидааст.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи тозаи худ (№25 (759) 16.06.2021) дар бораи имкон доштани баробари гендерӣ маводе ба нашр расонидааст. Дар мавод аз он изҳори нигаронӣ мешавад, ки имрӯз дар заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳот дар ҳавои гарми тобистон ё дар зери борон занҳо меҳнат мекунанд, вале мардон чун ҳайкалҳои беҷон дастҳо дар ҷайб назорат мебаранд .

Ҳафтанома ҳамчунин дар бораи зодрӯз ва рӯзи марги овозхони машҳури Шарқ Аҳмад Зоҳир, ки 14 июн аст, назарсанҷӣ ва як мусоҳибаи муфассал бо сарояндаи тоҷик Ҷаъфари Ҷалол нашр намудааст. Дар мусоҳиба аз ҷумла, Ҷалол мегӯяд, дар марги Аҳмад Зоҳир қудратҳои дввуму сеюм ҳам шариканд.

Нашрияи ҲХДТ - “Минбари халқ” шумораи инҳафтаинаи худро (№24 (1318) 16.06.2021) пурра ба сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шакат Мирзиёев ба Тоҷикистон бахшидааст. Дар саҳифаи 16 ҳафтанома дар мавриди барномаи консертӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки ба ифтихори сафари Ш. Мирзиеёе ташкил шуда буд, таассуроти хабарнигори ҳафтанома Ҳуриниссо Ализода нашр гардидааст.


Ҷанги Афғонистон ба ҷанги Тоҷикистон чӣ таъсир дошт?

Ҳафтаномаи “Самак” ин ҳафта дар бораи таъсири ҷанги Афғонистон ба сар задани ҷанг дар Тоҷикистон мавод нашр намудааст. Дар он, аз ҷумла гуфта мешавад, ки “пас аз интихоботи президентии соли 1991 саркардагони мухолифин, ки аксаран исломиёни сиёсӣ буданд, бо дастрас намудани аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ тариқи сарҳадоти Афғонистон ба фазаи ҷангӣ гузаштанд ва ҳукумати қонуниро сарнагун карда, ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар ба вуҷуд овраданд”.

Дар идома, муаллиф менависад, ки “хатари мазкур ҳанӯз аз байн нарафтааст ва дар қисмати шимолии Афғонистон қувваҳо ва гурӯҳҳои зиёди террористӣ ҷамъ омадаанд, ки ҳадафи баъзе аз онҳо аз байн бурдани давлатҳои дорои низоми дуниявию миллӣ аст”.

Маводи дигаре, ки нашрия, аз  моҳномаи машҳури “Asian commentary” бознашр намудааст матлаби профессори Донишгоҳи Ҷамму Кашмир Кашинатҳ Пандита  дар масоили мубраму омӯхтанашудае дар масири таъхрих, рӯи саҳна овардани тоҷикон чун мардуми фарҳанговар бар пояи асноди муътамад, баҳс мекунад.

Шубҳаву радду гумони коронавирус


Маводи асосии ҳафтаномаи “Азия плюс” дар шумораи рӯзи панҷшанбегиаш (№23 (1508) 17.06.2021) ин пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон ва шубҳаву гумонҳо дар ин бора мебошад. Дар маводе, ки таҳти сарлавҳаи “Пневмания, туберкулез или все же коронавирус?” дар саҳфаи яки ҳафтанома нашр шудааст, менависад, ки тоҷикистониён дар мавриди пайдо шудани коронавирус менависанд ва ҳатто натиҷаи мусбати ташхиси тесташонро аз коронвирус  нашр мекунанд, вале Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд дар Тоҷикистон коронавирус нест.

Дар идома муаллиф дар мавриди гузориши расонаҳо оид ба пайдо шудани коронавирус дар Тоҷикистон ва дар мавриди пайдо  шудани натиҷаи мусбати ташхиси коронавирус дар одамон менависад ва таъкид мекунад, ки дар яке аз озмоишгоҳҳои кишвар дар як рӯз ҳатто 100 ҳолати мусбати тести коронавирусро ошкор намудаанд.

Дар “Азия плюс” ҳамчунин, метавон матлабҳои «Налоговая амнистия для монополиста...», “В Душанбе начали менять электросчётчики. Зачем?”, “Таджикистан не для инвалидов...”,  “В Армении я чужой...здесь мой дом”, “Можноли разбогатеть, вымывая золото на таджикском Клондайке”, Какой десткий лагерь выбрать для ребёнка на лето“ ва ғайраро мутолиа кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.