Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон  мегӯянд, ки дар кишвар гузаронидани воксини “КоронаВак”-и истеҳсоли Чин ба шахсони аз 60-сола боло рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Дар ин бара ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд.

Ин дар ҳолест, ки воксини “КоронаВак”-и чинӣ, ки аз сӯйи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” – и ин кишвар истеҳсол шудааст, ҳамагӣ шоми 20-уми июн ба Тоҷикистон ворид карда шуд. Дар баробари ин ҳамчунин аз Чин 300800 адад сӯзандору низ ворид карда шуд.

Хадамоти назорати санитарию эпидемологӣ мегӯяд, ки гузаронидани воксин бо иҷозаи Вазорати тандурустӣ ва мувофиқа бо ҳукмати кишвар рӯзҳои наздик оғоз мешавад.

Инчунин гуфта мешавад, ки гузаронидани вакисинаи чинӣ марҳила ба марҳила вобаста ба синну сол оғоз гардида, дар марҳилаи аввал шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешавад.

Баъди комилан воксин гирифтани ин категорияи шаҳрвандон, воксинзании шахсони аз 50-сола оғоз мешавад.

Ҳамзамон аз ин ниҳод мегӯянд, ки дар марказҳои саломатӣ дастаҳои вижа ташкил шудааст ва афроде, ки имкониати омаданро надоранд, аъзои ин даста рафта онҳоро дар хонаҳояшон эм мегузаронанд.

Хадамоти санитарӣ мегӯяд, ки воксингузаронӣ ба шахсоне, ки маротибаи аввал воксини AstraZeneca гирифтанд дахл надорад. Воксини чинӣ дар ҳамаи марказҳои тиббӣ ройгон гузаронида шуда, ба шахсони эмшуда сертификат дар бораи тасдиқи гузаронидани воксин дода мешавад.

Ин шабу рӯзҳо дар миёни шаҳрвандон сару садоҳое мавҷуд аст, ки гӯё дар марказҳои саломатӣ барои ҳамаи хоҳишмандон танҳо воксини AstraZeneca гузаронида мешавад. Аммо масъулони Хадамоти назорати санитарӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки феълан як миқдори майяни воксини  AstraZeneca боқӣ мондааст, вале то кунун нақшаи пештара ба анҷом нарасидааст ва кор бар асоси нақшаи пешин давом дорад.

«Ҳоло нафароне, ки дар нақшаи пештара буданд комилан воксин нашудаанд. Нафароне, ки як бор онро гирифтаанд бори дуюм ҳам бояд воксин шаванд. Агар аз он чизе боқӣ бимонад, имкон ба дигарон гузаронидан аст»,-мегӯянд дар ин ниҳод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.