Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сабти номи 32 мавриди нави сироятшавӣ ба коронавирус дар рӯзҳои 21 ва 22-юми июн хабар дод. Бо ин омори коронавирус дар Тоҷикистон баъди наздик ба шаш моҳ тағйир ёфт ва акунун шумораи умумии гирифторон ба коронавирус ба 13340 расид.
Тоҷикистон аз оғози соли равон то рӯзи 21-уми июн расман мегуфт, ки мавридҳои нави сироят ва гирифторшавӣ ба COVID 19 дар ин кишвар сабти ном нашудааст. Аммо бар пайи хабарҳои ахир дар расонаҳо ва нигарониҳои мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми дирӯз "Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷой доштани ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандонихабар дод.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ки рӯзи 21 июн 17 ҳолат ва 22 июни соли равон 15 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандони кишвар ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Торнамои ин ниҳод навиштааст, ки "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Чӣ гуна метавон шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистонро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кард?
“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд
Visa дар бораи рушди технологияҳои рақамии пардохтӣ дар Тоҷикистон нақл кард
Байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ имзо шуд
То охири сол дар Тоҷикистон пас аз таъмиру навсозӣ 5 роҳи мошингард ба истифода дода мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Италия ва Ватикан рафт
Боздошти 2 ҷавон дар Хатлон барои латукӯби омӯзгор
Филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” тасдиқ шуд. Филмбардорӣ кай оғоз мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста