Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ таҳти хэштеги #ВОВ80 иқдоми хотираи 80-солагии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ(ҶБВ)-ро роҳандозӣ намуданд.

Ин ташаббус аз ҷониби Беларус, ки соли 2021 раёсати Иттиҳодро ба уҳда дорад, сурат гирифт.

Ҳар кадоме аз вазирон аз асарҳои шоирони миллӣ дар бораи мавзӯи ҷанг бо забони модариаш шеър қироат кард.

“Имрӯз шоирони миллӣ бо овози вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ИДМ ба ҳамаи мо ҳамаи даҳшатҳои ҷанг ва қаҳрмамонии ҳимоягарон, аҳдшикании душману матонати гузаштагони мо, ғаму андӯҳ аз талафот ва ашки хурсандӣ аз Ғалабаро хотиррасон мекунанд! Дар ИДМ мо дар хотир дорему мероси ҳаёти осоиштаро эҳтиёту гиромӣ медорем!”, - гуфта мешавад дар хабари сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин порае аз шеъри Ҳабиб Юсуфӣ “Вақти он аст эй қалам...”-ро қироат кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.