Шоми 23 июн шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати тандурустии кишвар, 13 ҳазору 358 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давоми шабонарӯзи ахир 18 ҳолати нави сирояти коронавирус муайян карда шудааст.

Аз ин бармеояд, ки дар тӯли се рӯзи охир шумораи умумии сироятёфтагон ба 50 нафар расидааст: дар рӯзи эълони бақайдгирии ҳолатҳои нави коронавирус - 21 июн - 17 ҳолат, 22 июн - 15 ҳолат ва 23 июн - 18 ҳолат.

Шумораи шифоёфтагон тибқи омори расмӣ, ҳамчунон - 13 ҳазору 218 нафар боқӣ мондааст.

Омори фавтидагон низ бетағйир боқӣ мемонад: шумораи фавтҳо аз коронавирус дар Тоҷикистон аз оғози пандемия 90 нафарро ташкил медиҳад.

Аз рӯзи ошкор шудани дубораи коронавирус дар кишвар, то ҳол ягон чораи шадиди маҳдудкунанда пешбинӣ нашудааст.  Аз ҷумла, "раҳпаймоӣ" (маршировка)-и омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти кишвар идома дорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.