Саъдуло Исломов мудири пешини Пажуҳишгоҳи демографияи Акадмеи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви вобастаи ин ниҳод, субҳи имрӯз бар асари гирифторӣ ба бемории COVID-19 аз олам даргузашт. Дар ин бора дафтари матбуоти Академияи илмҳо хабар медиҳад.
Раёсати АМИ Тоҷикистон дар таъзияномае аз Саъдулло Исломов ба унвони яке аз бунёдгузорони таҳқиқи масоили демографӣ дар Тоҷикистон ном бурдааст.
Ин донишманди тоҷик соли 1943 дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1966 буд.
Ба унвони мудири шуъбаи Институти илмию таҳқиқотии иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, ҳамзамон ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, мудир, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, директори Маркази омӯзиши аҳолӣ, мудири шӯъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон кор кардааст.
Солҳои 2002-2010 мудири Пажӯҳишгоҳи демографияи Академияи илмҳо буд. Соли 2011 муовини мудири ин Пажӯҳишгоҳ таъин шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста