Идигул Қосимзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раиси пешини Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, имрӯз бар асари мубтало шудан ба бемории коронавирус, дар синни 53-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора яке аз пайвандони Қосимзода ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ Қосимзода чанд рӯзи ахир аз бемории коронавирус ранҷ мебурд ва дар беморхонаи "Якум Советский"-и пойтахт бистарӣ буд ва дар ҳамин беморхона даргузашт.

Гуфта мешавад, ки маросими ҷанозаи марҳум дар зодгоҳаш, ноҳияи Вахш баргузор мешавад. 

Идигул Қосимзода, ки дар гузашта раиси Кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон (2017-2020) ва ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (2015-2017) кор кардааст, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ буд.

Қосимзода  соли 1968 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1990 Донишкадаи омўзгории шаҳри  Бохтарро хатм карда буд.

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор буд.

Солҳои 1990-2015 ба унвони котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони ҳукумати ноҳияи Вахш, омӯзгори мактаб, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, муовини ректори ин донишкада кор карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.