Дар машқгоҳҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгиранд, ҳукумати Тоҷикистон айни замон ҳудуди 100 ҳазор нафар гурезаҳоро аз Афғонистон қабул ва ҷойгир карда метавонад.
Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ полковник Имомалӣ Иброҳимзода зимни нишасти матбуотии имрӯз, 23 июл дар ин робита изҳор намуд, ки дар сурати зарурат оянда Тоҷикистон боз бештар гурезаҳои афғонро пазируфта метавонад.
“Мо бо созмонҳои байнулмилалӣ имконоти ҷумҳуриро барои қабули гурезаҳои афғон омӯхӣа истодаем”, - иброз дошт полковник.
Ба гуфтаи ӯ, ояндаи наздик дар қаламравҳои ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Хоруғ барои нигаҳдории хайма, ҷиҳози хоб, воситаҳои беҳдоштӣ ва зарф барои гурезаҳои имконпазири афғон ду анбори махсус ба истифода дода мешавад.
Полковник хабар дод, ки моҳи июл 1 ҳазору 571 нафар гурезаҳо дар Тоҷикистон паноҳгоҳ дарёфтанд, ки аз ҳисоби ҳукумати кишвар бо ёрии тиббӣ, хаймаҳо барои иқомат, се бор хӯроки гарм, ҷиҳози хоб ва зарфу дигар лавозимоти рӯзгор таъмин карда шуданд.
“Ин гурезаҳо тариқи 14 парвози чартерии ҳавоӣ ба Ватанашон - шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф баргардонида шуданд”, - илова кард Иброҳимзода.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста