Давомнокии бемории COVID-19 ҳангоми сироят ёфтан аз штамми делта зиёд шуда, давраи ноаёнӣ (инкубатсионӣ)-и он баръакс, кам шудааст, изҳор доштааст ба РИА Новости муовини директор оид ба кори илмии Пажуҳишгоҳи марказии илмӣ-таҳқиқотии эпидемиологияи Роспотребнадзор, узви вобастаи Академияи илмҳои Русия Александр Горелов.

"Генотипи штамми делта бо паҳншавии тезтари вирус ва ҷараёни вазнини беморӣ сурат мегирад", - иброз доштааст ӯ.

Ҳамзамон, олим зикр кардааст, ки мисли сироят бо дигар штаммҳо, вазнинии беморӣ асосан аз ҳисоби сарбории вирусӣ, ки одам ҳангоми сироят мегирад ва вазъи масуният (иммунитет) ҳангоми дучоршавӣ бо вирус муайян карда мешавад.

Горелов инчунин аҳаммияти сари вақт эм карданро зидди COVID-19 барои ҳифзи худ аз ин беморӣ таъкид кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.