Ҳар сол дар тамоми ҷаҳон аз 1 то 7 август Ҳафтаи дастгирии синамаконӣ гузаронида  мешавад.  Дар Тоҷикистон аз соли 2001 сар карда ҳафтаи дастгирии синамаконӣ ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август гузаронида мешавад.

Соли 1995 собиқ роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ Ҷеймс П. Грант синамакониро «револютсия барои кӯдакон» номида, иброз доштааст, ки таркиби сеҳрноки шири модар метавонад ҳаёти миллион нафар кӯдаконро наҷот диҳад.

Мақсади  асосии  гузаронидани  ин  чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши кормандони тиб ва аҳолӣ нисбати дуруст ғизо додани кӯдакон мебошад. Таваллуди кӯдак – хурсандии беканор дар ҳаёти оила ва волидайн мебошад. Аз рӯзи аввали ҳаёт саволҳои ғизодиҳӣ, инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак, ҳолати саломатӣ ва тарбияи ӯ ба миён меоянд.

Синамаконӣ асоси ҳаёт буда ба саломатӣ, ғизои дуруст ва амнияти озуқаворӣ дар ҳолатҳои муқаррарӣ ва фавқулодда таъсири кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат мерасонад. Инчунин, синамаконӣ ҳуқуқи инсон мебошад, ки онро бояд эҳтиром, ҳимоя ва риоя намуд.

 “Ҳафтаи умумиҷаҳонии синамаконӣ” маъракаи ҷаҳонӣ буда, барои баланд бардоштани огоҳӣ ва фаъол намудани амалиёт дар робита бо синамаконӣ равона шудааст.

Таҳлилҳои  дар  муассисаҳои  тиббии  ҷумҳурӣ  дар  солҳои  охир доиргардида нишон медиҳанд, ки кӯдакони ғизои сунъӣ истеъмолкунанда то 10-15 маротиба  бештар ба бемориҳои сироятии  меъдаю  рӯда  ва  бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

Баҳри рушди ғизодиҳии табиии кӯдакон Вазорати тандурустии ҶТ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ғизои табиии кӯдакон» соли 2006 қабул гардидааст. Мақсад ва вазифаҳои ин Қонун - муҳайё кардани шароити зарурӣ баҳри ҳифзи саломатии модару кӯдак, ғизодиҳии дурусти кӯдакони ширмак, тарғиб ва дастгирии давлатии ғизодиҳии табиии кӯдакон, баланд бардоштани маърифати санитарии аҳолӣ , танзими ҳуқуқии муомилоти ғизои кӯдакон иборат мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.