Раёсати тандурустии вилояти Суғд эълом кард, ки дар якуним моҳи охир дар ин вилоят 684 кас ба коронавирус сироят шуда, 14 каси онҳо фавтидаанд. То имрӯз дар вилоят аз ифшоӣ ин омор “парҳез” мекарданд, танҳо чанд даъфа раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо масъулин ва рӯзноманигорон омори сироятёбиро гуфта буд, аммо мақомот аз зикри ҳолатҳои марг худдорӣ мекарданд.

Ахиран Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурусӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз оғози пандемияи коронавирус (1-уми майи 2020) то 3-уми августи имсол 44 сокини вилояти Суғд қурбони коронавирус шуданд. Аз ин 14 ҳолати фавтро баъд аз 21-уми июни имсол сабти ном кардаанд. Ӯ гуфт, ки аксари онҳо дар беморхонаҳо фавтидаанд.

Эълони ин омор аз сӯйи Раёсати тандурустии вилоят дар ҳолест, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза аз марги чанд нафар пайвандону наздиконашон хабар медиҳанд, ки дар ин авохир чунин паёмҳо аз вилояти Суғд низ бештар шудаву омори расмиро зери шубҳа мебаранд. Аммо сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ин паёмҳоро воқеъӣ намеҳисобад ва мегӯяд, “агар таҳлили озмоишгоҳҳо мусбат бошад ба омор медароранд”.

“Ҳамасола дар вилоят аз 11 то 12 ҳазор мавриди марг сабти ном мешавад, ки ин тамоми намуди бемориҳо мебошанд. Айни замон  дида истодаем, ки баъзе бомороне, ки бемориҳои  ҳамрадиф доранд, илтиҳоби шуши мавсимӣ ё дигар беморӣ доранд, вақте, ки мефавтанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро коронавирус мебароранд. Лекин ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо аз COVID-19 фавтидаанд”,-гуфт Мақсудзода.

Фаррух Мақсудзода мегӯяд, давоми як ҳафтаи охир теъдоди солимгардонӣ назар ба сироятёбӣ зиёд шуда, ба гуфтаи ӯ “авҷи хурӯҷи сироятёбӣ” то ҷое рӯ ба поёнравӣ овардааст. Айни ҳол дар беморхонаҳои вилоят 268 нафар бистарӣ буда, 134 кас зери дастгоҳ ба оксиген пайваст будаанд.

“Баробар ба рӯзи 3-уми август дар сатҳи амбулаторӣ 361 нафар, аз ҷумла бо илтиҳоби шуш 208 нафар, бо таҳлилҳои мусбат 153 нафар таҳти назорат ва табобат қарор доранд. Дар як шабонарӯз дарёфти мавридҳои нав то 46 нафар мебошад, ки  зиёда аз 70 нафар ҳамарӯза шифо ёфта истодаанд”.

Ба гуфтаи Фаррух Мақсудзода, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати сироятёбӣ ба коронавирус осебпазир боқӣ монда, ҳамарӯза аз ин ҷойҳо беморонро дарёфт ва номнавис мекунанд. Вай гуфт, як ҳафта пештар хуруҷи аз ҳама зиёди бемориро дар Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен мушоҳида карданд. Ҳоло ҳарчанд ин шаҳру ноҳияҳо осебпазир боқӣ мемонанд, вале сардори Раёсати тандурустӣ мегӯяд, чанд рӯзи ахир дар ин ҷойҳо “сироятёбӣ коҳиш ёфта истодааст”.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд
Asia-Plus

Ин масъули рақами яки тандурустии вилоят, коҳишёбии коронавирусро ба бештар шудани шумори ваксингирифтагон рабт дода, гуфт ҳамарӯза аз 20 то 30 ҳазор ваксинаро ба аҳолӣ гузаронида истодаем ва натиҷа дода истодааст. Аммо нигаронии масъулин ин аст, ки дар аксари маврид бемороне, ки дар ҳолати вазнин бистарӣ мешаванд, реҷаи муолиҷаро риоя намекунанд. Мақсудзода гуфт “таҳлилҳо нишон дод, ки дар аксар ҳолатҳо беморон ҳангоми муолиҷа  беҳбудиро ҳис мекунанд ва реҷаи бистариро риоя намекунанд, ки оқибати начандон хуб дорад”.

 “Дар вилоят, дар маҷмуъ, агар аз 21 июни имсол 684 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шуда табобат ёфта бошанд, аз ҳаминҳо таҳлил нишон дод, ки дарсади хеле кам баъди ваксина бемор шудааанд. Тамоми нафароне, ки бемор мешавад ваксина ногирифтаҳоанд”-гуфт Мақсудзода

Ба иттилои мақомот, вилояти Суғд 1 миллиону 723 ҳазору 160 нафар аҳолии аз 18-сола боло дорад, ки то ба имрӯз 174 ҳазору 600 нафар ё 10,4 дарсади онҳо воксин зада шудаанд.

Ба таъкиди Фаррух Мақсудзода то моҳи сентябр бояд зиёда аз 60-70 дарсади аҳолӣ воксин зада шаванд ва  “дар он вақт  гуфта метавонем, ки сироятёбӣ ба ин беморӣ хело дар сатҳи паст қарор мегирад ва эҳтимол ғолиб меоем”. 

Вазорати тандурустӣ, бегоҳии 3-уми август хабар дод, ки аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз дар Тоҷикистон 15293 нафар беморони коронавирусро сабт кардаанд, ки аз ин шумора 14788 нафар ё худ 96,7% шифо ёфтаанд. Дар умум аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 121 кас қурбони коронавирус шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.