Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон шуъбаи тоҷикии ин иттиҳодияи эҷодиро таъсис додааст. Дар ин бора торнамои "Овози Самарқанд" хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, бахши тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон дар шаҳри Самарқанд ташкил шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир бахши тоҷикии ин иттиҳодияи эҷодӣ 6 нафар узв дорад ва раисии онро шоири шинохтаи аҳли Сарақанд Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров) ба дӯш дорад.

Гуфта мешавад, ки таъсиси шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбакистон  дар рости таҷлили Рӯзи дӯстии халқҳо дар ин кишвар сурат гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир адибоне чун Зоҳир Ҳасанзода, Маликаи Бахтиёр, Нормурод Каримзода, Нусрат Раҳим ва Раҳимҷон Наимӣ узви ин бахш мебошанд.

Роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, гуфтааст, ки "ташкил ёфтани шӯъбаи тоҷикӣ барои боз ҳам мустаҳкам кардани робитаҳои адабӣ хидмат менамояд".

Гуфта мешавад, ки аз ин ба баъд, ҳар рӯзи панҷшанбеи ҳафта, соати 10:00 дар бинои шӯъбаи вилоятии Иттифоқ нависандагони Ӯзбекистон ҷамъомади эҷодкорони тоҷик баргузор мешавад ва масъулони ин бахш гуфтаанд, ки "ҳамаи хоҳишмандон, новобаста аз синну сол метавонанд дар ин тадбири адабӣ иштирок намуда, эҷоди худро сайқал диҳад".

Равобити Тоҷикистони Ӯзбекистон баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар ҳамаи заминаҳо беҳтар шуда, ҳоло ин кишвар ба яке аз шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон табдил шудааст. Дар замони ҳукумати Ислом Каримов, пас аз солҳои  2000-ум Ӯзбекистон бо Тоҷикистон равобити бисёр сард дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.