Дар робита ба корҳои таъмир дар буриши кӯчаҳои Қосимов ва Фирдавсӣ ва ивази қубурҳои обгузар дар ин қитъа, имрӯз, 5 август аз соати 22:00 то 10:00-и субҳи 6 август интиқоли оби нӯшокӣ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе қатъ мешавад.

Бино ба маълумоти корхонаи “Обу корези Душанбе” интиқоли об ба кӯчаи Ҷомӣ ва маҳаллаҳои 61,62,63,64, 65 боздошта мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони пойтахтро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.