Яке аз маҳаллаҳои бузурги шаҳри Душанбе имрӯз бе об мемонад. Интиқоли об ба маҳаллаи “Меҳробод” (собиқ Калинин) аз соати 11 то нимаи шаб қатъ мегардад, хабар медиҳад КВД “Обу корези Душанбе”.

Қатъи интиқоли об дар робита ба баргузории корҳои таъмиру ивази қубурҳо дар шабакаи обгузар сурат мегирад.

Дар ин робита аз сокинони шаҳр дархост шудааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои ин муддат захира намоянд.

Шаҳрдории пойтахт ба ҳукумати ноҳияи Сино дастур додааст, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, дар дар ин давра сокинони ин маҳалларо бо оби нӯшокӣ таъмин созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.