То шоми 11 август, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 70 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 15 ҳазору 862 нафар расид.

Шабонарӯзи гузашта ҳеҷ як ҳодисаи фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия бетағйир - 123 нафар боқӣ мемонад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 15 ҳазору 428  нафар ё худ 97,3%-ро ташкил медиҳад. Давоми як шабонарӯз 76 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Ҳамзамон Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Гуфта мешавад, то 11 август дар Тоҷикистон 1 млн 541  ҳазору 475  нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, то ин рӯз беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат бо вояи дуюми ваксина эм карда шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.