Имрӯз, 13 август  дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе бар сари марқади шоири шинохта ва муаллифи матни Суруди милии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ лавҳаи хотирот гузоштанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ин лавҳаи хотирот бо ҳузури чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ ва наздикону пайвандону алоқамандони осори шоири марҳум насб шудааст.

Номбурда гуфт, ки дар маросими ифтитоҳи лавҳаи хотирот раиси бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ, раиси ҷамоати деҳоти Дар-Дар - зодгоҳи Гулназар, адибону шоирон, хешону наздикон ва шогирдони устод ширкат ва суханронӣ карданд.

Бояд гуфт, ки имрӯз аз марги муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ як сол пур мешавад. Ӯ соле пеш дар ҳамин рӯз дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Душанбе аз бемории  коронавирус фавтида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.