Давоми рӯзҳои истироҳат, тибқи маълумоти Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус (COVID-19), шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 124 нафар зиёд шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии ҶТ, теъдоди умумии сироятёфтагон дар кишвар марзи 16 ҳазор нафарро гузашта, аз оғози пандемия ба 16 ҳазору 121 нафар расид.

Шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавт бар асари ин беморӣ сабт нашуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия бетағйир - 123 нафар боқӣ мемонад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 15 ҳазору 756  нафар ё худ 97,7%-ро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 163 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумораи гирифторон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро шояд бар асари паҳншавии штамми ҳиндии “делта” теъдоди ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, ҷараёни паси сар кардани беморӣ мушкилтар шудааст.

Дар ҳамин замина, Варзорати тандурустӣ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла, пушидани ниқоби тиббӣ, зуд-зуд шӯстани дастон ва фосилаи байниҳамдигариро қатъиян риоя намоянд.

То ин дам аҳолии Тоҷикистон аз се навъи ваксина эм мегирад: AstraZeneca-и бритониёӣ, CoronaVac-и чинӣ ва Moderna-и амрикоӣ. Инчунин чанде пеш Русия ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона 4 млн вояи ваксинаи “Спутник V” фиристод.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то ин дам ба Тоҷикистон зиёда аз 4 млн вояи ваксинаҳои зидди коронавирус ворид карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.