Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency-и пойтахт субҳи имрӯз бахшида ба 65-солагии Конфронси Дартмун Форуми рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон ба кор оғоз намуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва озмоишгоҳ (лаборатория)-и зеҳни сунъии tajrupt.ai созмон дода шудааст.

Дар ҷараёни кори форум масоили мубрам ва навгониҳои вобаста ба пешбурди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии зиёда аз 100 нафар намояндагони муассисаҳои давлатӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, инчунин меҳмонони хориҷӣ, мутахассисони соҳаи зеҳни сунъӣ ва олимони Академияи илмҳо қарор мегирад.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Ширин Амонзода, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав, Завқи Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо, Азизҷон Азимӣ, муассиси озмоишгоҳи tajrupt.ai, Ҷон Хеннесси, раиси Шӯрои мудирони ширкати Alphabet ва профессори Донишгоҳи Стэнфорд, Екатерина Клинова ва дигарон маърӯзачиёни форум мебошанд.

Конфронси Дартмут оид ба масоили зеҳни сунъӣ, ки тобистони соли равон дар коллеҷи Дартмут доир гардид, барои рушди ин илм аҳаммияти муҳим дошт: он одамонеро, ки ба моделсозии зеҳни инсонӣ таваҷҷуҳ доранд, ба ҳамдигар шинос намуда, пайдоиши соҳаи нави илмро тасдиқ ва ба он «Artificial Intelligence» - “Зеҳни сунъӣ” ном гузошт.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ қабул мешавад. Ёдрас мекунем, ки 27 июл вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар бораи таъсиси Шӯрои зеҳни сунъӣ дар назди Вазорати саноат фармон имзо кард.

Раиси Шӯро Азизҷон Азимӣ, муассиси аввалин маркази зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ t.ai lab.таъин шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.