Дар доираи амалисозии Нақшаи генералии пойтахти Тоҷикистон бинои ҳозираи сафоратхонаи Чин дар Душанбе тахриб мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе иттилоъ дод, ҳукумати пойтахт барои сохтмони маҷмӯи биноҳои сафорати Чин дар Тоҷикистон қитъаи замин ҷудо кардааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, бинои нави сафорат дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохта хоҳад шуд.

Манбаъ зикр кард, ки сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин маҳалла ҷойгир буда, ин ҷо сафоратхонаҳои Ӯзбекистон ва Миср низ бунёд мегарданд.

“Бинои ҳозираи сафоратхонаи Чин, ки дар наздикии шаҳраки тиббӣ (Медгородок) воқеъ аст, баъди дар маҳаллаи Зарафшон сохта шудани маҷмӯи биноҳои нав тахриб хоҳад шуд”, - афзуд манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.