Фонди Оғо Хон (AKF) ва Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) тавассути барномаи муштараки “Шукуфоии Точикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” расман шабакаи оби нӯшокии нав ва ҳоҷатхонаро дар муассисаи таълимии рақами 19 ноҳияи Ҳамадони вилояти Хатлон ифтитоҳ намуданд.

Тариқи шабакаи оби нӯшокӣ зиёда аз 2 ҳазору 200 нафар одамон бо оби тоза ва бехатар дастрасӣ пайдо намуда, ҳоҷатхонаи мактаб бошад, дастрасии зиёда аз 700 нафар хонандагони мактабро ба беҳдошти зарурӣ беҳтар намуд.


Дар чорабинӣ ба ин муносибат, ки дар он шахсони расмии ҳукумати маҳаллӣ ширкат варзиданд, раиси ноҳия ҷанобӣ Одиназода Бозоралӣ ба барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” миннатдорӣ изҳор намуд ва ваъда дод, ки ҷомеа идоракунии минбаъдаи шабакаи таъмини оби нӯшокиро ба роҳ мемонад.

“Дарёи Панҷ бевосита аз канори деҳа мегузарад, аммо одамон ба об дастрасӣ надоранд. Дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, яке аз туҳфаҳои беҳтарине мебошад, ки сокинони деҳаи Чубек гирифта метавонистанд”, - изҳор дошт вай.


Деҳаи Чубек яке аз сераҳолитарин мавзеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳисоб меравад. Аксарияти аҳолии деҳа бо душвориҳои вобаста ба дастрасии  оби бехатар дучор гашта буданд ва ҳоҷатхонаи мактаб аз сабаби пайваст набудан ба шабакаи таъмини об кор намекард. Кумитаи маҳалла дар нақшаи рушди деҳа дастрасӣ ба об ва беҳдоштро ҳамчун самтҳои афзалиятноки асосии ҷомеаи худ муайян намудааст.

AKF ва Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (AKAH), бо дастгирии USAID, бо Кумитаи маҳалла ҷиҳати қонеъ намудани ин ниёзҳо тавассути сохтмони шабакаи оби нӯшокии нав, ки бо воситаи обченкунӣ муҷаҳҳаз аст ва таъмирсозии ҳоҷатхонаи кӯҳна, ҳамкориро ба роҳ монданд.


Роҳбари барномаҳои AKF, Ҷавлон Ҳамдамов, ба USAID, ҳукумати ноҳия ва ҳукумати маҳаллӣ, шуъбаи маорифи ноҳия ва муҳимтар аз ҳама, ба сокинони Чубек сипосгузории амиқи худро изҳор дошт.

“Акнун таваҷҷуҳ бояд ба таъмин намудани устуворӣ, истифода ва нигоҳубини дарозмуҳлати инфрасохтор, инчунин, таъсир расонидан ба тағйири рафтор нисбати об, беҳдошт ва гигиена равона карда шавад. Пурра мавриди истифода қарор гирифтани шабакаи оби нушокӣ дар давоми чанд моҳи оянда ва пас аз муқаррар намудани сохтори тарифҳо, таъмин намудани устувории шабака дар тӯли даҳсолаҳои дарпешистода бағоят муҳим аст", - иброз дошт номбурда.


Дар бораи барномаи «Шукуфоии Точикистон»

Барномаи панҷсолаи (2018-2023) “Шукуфоии  Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” шарикии Фонди Оғохон ва USAID-ро барои беҳтар намудани сифати зиндагии мардум дар тамоми 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад ҳастанд, тақвият мебахшад. Хадафи барнома ин баланд бардоштани рушди ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ барои ҳама мебошад.

Дар бораи USAID

Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ нахустин оҷонсии байналмилалии рушд дар ҷаҳон мебошад ва яке иштирокчиени калидие ба хисоб меравад, ки масоили рушдро пеш мебарад. Аз соли 1993 инҷониб, USAID бо Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани идоракунии муносиб, ривоҷ бахшидан ба рушди иқтисодӣ, беҳтар сохтани соҳаҳои маориф, тандурусӣ, амнияти озуқаворӣ ва мусоидат ба иртиботҳои иқтисодии минтақавӣ шарокат барпо намудааст.Барои маълумоти иловагӣ, нигаред ба сомона ва саҳифаи Фейсбуки USAID/Тоҷикистон:

https://www.usaid.gov/tajikistan; https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/

Дар бораи Фонди Оғохон ИМА

Фонди Оғохон бо ҷомеаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, корхонаҳо, ҳукуматҳо ва раисони маҳаллӣ барои сармоягузории дарозмуддат, бунёди муассисаҳои доимӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ шарик аст. Кори ташкилот ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва шикастани давраи камбизоатӣ равона шудааст. Дар тӯли 50 сол, Фонди Оғохон дар ҳар ҷое, ки фаъолияти худро анҷом медиҳад, асосан дар Осиё ва Африқо, барои манфиати умумии ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз ҷинсият, ирсият ва мазҳаб, кор мекунад. Фонди Оғохон узви Шабакаи Рушди Оғохон (AKDN) мебошад, ки яке аз шабакаҳои пешрафтаи ҳалли камбизоатӣ дар ҷаҳон мебошад, ки онро Аълоҳазрат Оғохон таъсис додааст. AKDN ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии даҳҳо миллион нафар одамон дар 30 кишвар ҳамасола кӯмак мекунад. Равишӣ ҳамгирои бисёрсоҳавии AKDN ба масъалаҳои рушд ба таҷрибаи даҳсолаҳо, омӯзиш ва арзёбӣ асос ёфтааст. Барои маълумоти иловагӣ дар бораи дастгирии AKF, ба сомонаи www.akfusa.org ташриф оред.

Филиали “Агентии Оғо Хон оид ба макони зист” (AKAH)

AKAH имкониятҳои Фокуси кӯмаки башардӯстона, Хадамоти Банақшагирӣ ва Сохтмони Оғо Хон ва ташаббуси идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ АКДН, диққати асосиро ба омодагӣ ба офатҳои ногаҳонӣ ва шиддатнок равона мекунад.  AKAH фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, роҳандозӣ мекунад. Дар мадди аввал, нуқтаҳои афзалиятноки AKAH Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон ба шумор мераванд. Барои дарёфт намудани иттилотҳои дигар дар бораи AKAH аз сомонаи агентӣ дарёфт карда метавонед: http://www.akdn.org/our-agencies/aga-khan-agency-habitat