Шӯрои раҳбарии "Толибон" таҳти раёсати Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар Қандаҳор як ҷаласаи серӯза баргзуор кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон дар Твиттер навиштааст, ки ин ҷаласаи серӯза аз рӯзи шанбе оғоз шуда то шаби гузашта давом кардааст.

Муҷоҳид навиштааст, ки масоили ҷории сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ аз масоили мавриди баҳси шӯрои раҳбарии Толибон будааст ва тасмимҳое ҳам гирифта шудааст.

Ҳарчанд то кунун ҷузъиёти бештар аз ин ҷаласаи шӯрои раҳбарии "Толибон" расонаӣ нашудааст, аммо сухангӯйи гурӯҳ навиштааст, ки дар мавриди "эҷоди низоми ҷадиди исломӣ" дар кишвар ва зарурати машваратҳо низ тасмимҳое гирифта шудааст.

Баъди ин ҷаласа Мулло Ғанӣ Бародар, аз раҳбарони сиёсии Толибон озими Кобул шудааст ва интизор меравад, ки ҷузъиёти ҷаласаи Қандаҳорро дар мавриди ташкили давлат ва кобинаи ҳукумат расонаӣ кунад. 

Шабакаи "Ал-ҷазира"-и Қатар бо такя ба як манбаъи Толибон хабар додааст, ки ройзаниҳо барои ташкили давлати нав дар Афғонистон поён ёфта ва натиҷаи он ба зудӣ эълон мешавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.