Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 1 сентябр дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як кӯдакистон ва литсейи хусусии “Адолат” дар кӯчаи Варзоби ноҳияи Исмоилии Сомонии пойтахт иштирок кард.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони шинос шуд. Муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 360 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст ва дар он имкони ҷойгир намудани 14 гурӯҳ бо шумораи 260 нафар кӯдак ва 100 нафар дар 5 гурӯҳи омодагӣ ба мактаб фароҳам аст.


Кӯдакистони мазкур дорои 8 синфхонаи таълимӣ, 6 синфхонаи таълимии ёрирасон барои зергурӯҳҳо, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, 14 ҳуҷраи хоб бо 280 кат, ошхона барои гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб бо 60 ҷойи нишаст, толори фарҳангӣ бо 120 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ аст, ки дар онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад.

Гуфта мешавад, таъмиру навсозии иншооти мазкур аз ҷониби ширкати «Евразия» аз моҳи марти соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бинои литсейи «Адолат» аз се ошёна иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 528 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.

1/3

Литсейи мазкур дорои 28 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла биология, таърих, забони англисӣ, технологияи компютерӣ, химия, физика ва гимнастика аст, ки дар онҳо шароити арзандаи таҳсил фароҳам оварда шудааст.

Рустами Эмомалӣ ин иқдоми соҳибкоронро намунаи олии ватандӯстӣ арзёбӣ карда, иншооти мазкурро тӯҳфаи арзанда дар ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон маънидод намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.