Имрӯз, 6 сентябр дар натиҷаи тирпарронӣ дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ - Бархоруғ, дар ҳавлии Маркази тиббии Бунёди Оқохон ду нафар захмӣ шуданд. Хабари тирпаррониро як манбаъи “Азия плюс” дар шаҳри Хоруғ тасдиқ кард.

Радиои “Озодӣ” аз қавли манбаъҳои худ менависад, ки тирандозӣ дар байни тарафдорони раҳбарони ғайрирасмӣ Толиб Айёмбеков ва Салам Имомназаров ба амал омадааст, ки дар пайи он худи Салам Имомназаров ва Мансур Ҷумъахонов захмӣ ва дар Беморхонаи марказии шаҳри Хоруғ бистарӣ шудаанд. Дар бораи вазъи онҳо маълумоти дақиқ дар даст нест.

Аз ин пештар хабар расида буд, ки яке аз лидерҳои ғайрирасмии ВМКБ Толиб Аёмбеков дар ҷараёни як даргирии гурӯҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло”-и шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст.

Яке аз наздикони Аёмбеков ба “Азия плюс” гуфта буд, ки ҳодиса шаби 5 сентябри соли равон рух дод ва ҳангоми муноқиша дар тӯй нафаре бо ашёи сахти вазнин ба сари Толиб Айёмбеков задааст, ки дар натиҷа, ӯ ҷароҳати вазнин бардошт.

Гуфта мешавад, ки задухӯрд миёни як гурӯҳи ҷавонони эҳтимолан маҳаллаи Тирчид ва писару ҷияни Айёмбеков рух додааст. Вале расонаҳои дигар навиштанд, ки муноқиша миёни афроди Айёмбеков бо гурӯҳи Салам, писари Имомназар Имомназаров сурат гирифтааст.

Эҳтимол меравад тирпаронӣ идомаи ин воқеа бошад, чун дар он ҳодиса ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, муноқиша миёни афроди Айёмбеков бо гурӯҳи Салам, писари Имомназар Имомназаров, яке дигар аз лидерони ғайрасмии ВМКБ, ки соли 2012 кушта шуд, сурат гирифта, "дар онҷо бо санг ба сари Толиб Айёмбеков задаанд".

Гуфта мешуд, ки дар ҳодисаи аввал, ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқиша ва халалдор нашудани тӯй ин ҷавононро аз тарабхона бароварданд, вале пас аз чанде онҳо либосҳояшонро иваз карда, дубора баргаштанд ва бо хешовандони Айёмбеков ба задухӯрд шурӯъ карданд. Вақте худи Айёмбеков ба ҷанг дахолат карда, ҷавононро аз ҳам ҷудо карданӣ шуд, касе аз қафо бо як ашёи сахти вазнин ба сараш зад.

- Зарба хеле сахт буд ва ӯро фавран ба беморхона бурданд. Табибон мегӯянд, ҷароҳат вазнин аст, аммо ба ҳаёт таҳдид намекунад. Писараш дар наздаш аст, мегӯяд, ҳолати падараш мӯътадил аст. Ӯ ҳушёр аст, сӯҳбат мекунад ва худро беҳтар ҳис мекунад ”, - гуфт манбаъи “Азия-плюс”.

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то ҳол муноқиша дар тарабхонаи "Марко Поло"-и шаҳри Хоруғ ва ҳам тирандозӣ дар Бархоруғро шарҳ надодаанд.

Дафтари матбуоти раиси вилоят ва ВКД дар бораи ин ҳодиса изҳори бехабарӣ намуданд ва гуфтанд, ки бо дарёфти иттилоъ матбуотро дар ҷараён мегузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.