Пагоҳ аз соати чори субҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон ба ҳамаи роҳҳои самти маркази Душанбе манъ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз шаҳрдории пойтахт.

Субҳи 7 сентябр дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузашти низомии қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе доир мегардад.

Зиёда аз 15 ҳазор сарбозону афсарони тоҷик саф ороста, аз назди президент Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони воломақом ботантана қадамзанӣ мекунанд.

Бино ба иттилои манбаъ, субҳи 9 сентябр дар майдони “Дӯстӣ” раҳпаймоиии сокинони шаҳр баргузор мешавад, ки дар он зиёда аз 45 ҳазор сокинони пойтахт ширкат меварзанд.

Шоми ҳамин рӯз дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии Душанбе бахшида ба солгарди ҷашни Истиқлолият бо иштироки ҳудуди 20 ҳазор нафар намоиши театришуда баргузор мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросимҳои раҳпаймоии идона ва намоиши театришуда низ иштирок хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.