Дар сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чорабинӣ бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои расмии Ӯзбекистон, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, ҳайати корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони марказҳои фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони расонаҳо ҷашн гирифт.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.

Зикр мегардад, ки дар чорабинӣ муовини сарвазири Ӯзбекистон Мусаев Беҳзод иштирок намуда, зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.

Ҳамчунин  гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг, намунаи либосҳои миллӣ ва асбобҳои мусиқӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.