Қаҳрамони ин бори лоиҳаи “Нерӯи зан” як бонуи шуҷоъ ва қавииродаи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова аст. Дар суҳбат ин ҳомии варзидаи ҳуқуқ дар мавриди пушаймонии худ аз тарк намудани касби омӯзгорӣ, дар бораи ин ки чаро занҳои тоҷик даст ба худкушӣ мезананд ва чӣ бояд кард, ки мавқеи зани тоҷик дар ҷомеа мустаҳкамтар шавад, изҳори назар кард. 

Бо Ойниҳол Бобоназарова ҳамчунин дар мавриди вазъи занҳои Афғонистон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик барои кӯмак ба онҳо низ суҳбат кардем.

Матлаби мазкур бо кумаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯби лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. Asia-Plus барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.