Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир вазири маорифи Толибон, имрӯз дар як ҷаласа дар Афғонистон гуфтааст, ки дар ҳукумати толибон диплому дараҷаи магистериву докторӣ дигар арзише надорад.

Ӯ гуфтааст, ки толибон ин дипломҳоро надоранд, вале аз ҳама болотаранд.

Ин изҳори назари вазири тозамуаррифишудаи Толибон, ки дар Твитер ва шабакаҳои дигари маҷозӣ нашр шудааст, ҷанҷолбарангез шуда ва корбарони зиёде онро аб истеҳзо кашидаанд. 

Дар ин навори видеоӣ, ки бо забонӣ пашту аст, Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир дар мавриди сиёсатҳои омӯзишӣ ва мақотеъи коршиносии аршад ва дуктуро дар ҳукумати Толибон суҳбат мекунад.

Толибон дирӯз ҳукумати сарпарасти худро дар Кобул эълон карданд, ки наздик ба 33 чеҳраи он муаррифӣ шуд. 

То кунун ҳеч кишвари дунё расман ин ҳукуматро ба расмият нашинохтааст. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо -  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.