Ширкати ҳавопаймоии "Уральские авиалинии" барои мусофирон аз Тоҷикистон маркази робита роҳандозӣ мекунад, хабар дода мешавад дар торнамои ширкат.

Хатти нави хадамоти дастгирӣ тариқи телефони +992 77-777-0808 дастрас аст.

Ҷадвали корӣ аз соати 08:00 то 18:00 муқаррар шудааст.

Тавре дар хабар зикр мешавад, занг задан аз Тоҷикистон бепул аст.

Кормандони хадамот бо забони тоҷикӣ ва русӣ гуфтугӯ карда метавонанд.

“Мо ба шумо дар харидани билет, фармоиши хизматрасонии иловагӣ, ислоҳи хатогиҳо дар билет кумак карда, дар бораи қоидаҳои вуруд ба Русия машварат дода метавонем. Инчунин ба дигар саволҳои мавриди таваҷҷуҳатон низ посух медиҳем”, - иттилоъ медиҳад ширкати ҳавопаймоӣ.

"Уральские авиалиниии" аз 22 шаҳрҳои Русия ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ва бозпас парвозҳо анҷом медиҳад. Ҷадвали парвоз ва билетҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ қобили дарёфт мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.