Давоми чор рӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Душанбе маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Дар эълони нашршудаи Раёсат зикр мегардад, ки рӯзҳои 15-18-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар дошта шудааст.

“Бинобар ин ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбонҳои А.Рӯдакӣ, И.Сомонӣ ва кӯчаҳои Айнӣ - А.Дониш маҳдуд карда мешавад”, - навишта шудааст дар эълон.

Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои мазкур аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

“Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд”, - илова шудааст дар эълони Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Муфассалтар дар бораи вақти баста шудаи роҳҳо иловагӣ хабар медиҳем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.