Зимни сафари моҳи июни президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сарони давлатҳо аз пешниҳоди ба навор гирифтани филми ҳунарии муштарак дар бораи дӯстиву рафоқати ду нафар гузаштагони маъруфи ҳар ду кишвар Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти Сарраёсати сайёҳӣ ва варзиши вилояти Самарқанд иттилоъ медиҳад, 12 сентябр як ҳайати кинематографистон (таҳиягарони филм)-и Тоҷикистон ба Самарқанд сафар карданд.

Гуфта мешавад, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо ҳайати профессрону омӯзгорони иборат аз олимони таърихшинос ва коргардонҳои филмҳо вохӯрӣ доир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ пешниҳод шудааст, ки маконҳои муайяни наворбардории филм, ки дар зиндагии шоирон нақши муҳим бозидаанд, баррасӣ карда шаванд.

Дар назар аст, ки таҳияи филми мазкур ба афзоши сафи сайёҳон ба Самрқанд мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.