Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба бунёди боғи нави фарҳангу фароғат бо номи “Боғи СҲШ” дар Душанбе ҳусни оғоз бахшиданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт.

Боғи нав дар гирду атрофи маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” бунёд мегардад.

Дар қаламрави боғ маркази дуошёнаи намоишгоҳ қомат хоҳад афрохт, ки дар он ҳар кадоме аз кишварҳои узви СҲШ толорҳои намоишгоҳи ҷудогонаи худро хоҳанд дошт.

Қаламрави боғи нав сабзкорӣ шуда, дар он фаввораву гулгаштҳо, макони сайругашт барои шаҳрвандон ва дигар иншооти фароғатӣ сохта хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.