Дар ҳоле, ки дирӯз, “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) номи раисҷумҳури пешини Афғонистон Бурҳонуддин Раббониро аз унвони Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбияи ин кишвар бардоштанд, имрӯз, 21 сентябр дар сафорати Афғонистон дар Душанбе бахшида ба 10-умин солгарди шаҳодати ӯ маҳфили ёдбуд баргузор гардид.

Он дар муқоиса бо солҳои пеш, бе ҳузури намояндагони расмии Тоҷикистон гузашт. Аз намояндагони Тоҷикистон танҳо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили парлумон Саидҷаъфар Усмонов ширкат дошт. Бештари ширкаткунандагон намояндагони афғони муқими Тоҷикистон, бахсус, сафири Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар, муовини раиси Маҷлиси миллии ин кишвар Эзидёр Муҳаммадаълам ва дигар чеҳраҳои ин кишвар ширкат доштанд.

Эзидёр Муҳаммадаълам, ки тоза аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада буд, оид ба шахсияти Раббонӣ, нақши ӯ дар сулҳи Тоҷикистон дар солҳои 90- ум ва вазъи имрӯзаи Афғонистон суҳбат кард.

Номбурда дар пасманзари бардоштани номи Бурҳониддин Раббонӣ аз Донишгоҳи давлатии тарбия ва таълим гуфт, ки “аз ин мардуми Афғонистон ва дунё бояд панд бигиранд, ки бархурди “Толибон” бо мардум, шахсиятҳо, сиёсатмадорон ва аҳли илму дониш чӣ гуна аст ва фардо агар ба онҳо фурсат дода шавад, дар баробари мардум ва минтақа чӣ хоҳанд кард”.

Муовини раиси Маҷлиси миллии Афғонистон мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба вазъияти Афғонистон қобили дастгирӣ хонд ва изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда дар баробари “Толибон”як ҷабҳаи бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба вуҷуд меояд.

- Раббонӣ вақте масъулияти Шӯрои олии сулҳро ба уҳда гирифт, хушбин буд ва мегуфт, ки “Толибон” тағйирпазиранд. Устод бисёр талош кард, ки аз фурсат истифода карда, истиқрори сулҳ ба вуҷуд ояд. Аммо дар рӯзҳои охири зиндагиаш мегуфт, вазъият дар кишвар тарзе шудааст. ки ҳар касе номи мулло ва мавлавиро бигирад ё аз номи Худо суҳбат кунад дар вуҷуди мардум тарс пайдо мешавад,- гуфт Эзидёр Муҳаммадаълам.

Дар маҳфил гуфта шуд, ки пагоҳ, 22 сентябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар робита ба нақши Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд дар истиқрори сулҳ ва хатми ҷанги Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор хоҳад шуд.

Сафири Афғонистон дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар Бурҳониддин Раббониро шаҳиди роҳи сулҳи Афғонистон ном бурд ва гуфт, ӯ аввалин шахсияти донишманде дар таърихи Афғонистон аст, ки ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар расид.

Сурат: Asia-Plus

Ӯ, ки дар даврони роҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ дар паҳлӯяш кор кардааст, аз се хотироташ, аз ҷумла нигоҳи Раббонӣ нисбат ба занон ва адолат аз нигоҳи ӯ ёдовар шуд.

- Як қумандони НАТО, ки ҳамеша сари роҳбарони ҷиҳодӣ баҳс дошт, рӯзе омад ва гуфт, ки бароям воқеияти Афғонистон бармало шуд. Оғои Карзай ба маҳалли тавваллудаш меравад, бо шиллик истиқбол мешавад. Вале профессор Раббонӣ бидуни аслиҳа ба Қандаҳор меравад, мардум тифли дигари худро пешниҳод мекунанд, ки инро ҳам қурбон бисоз. Роҳбарони воқеие, ки аз миёни тӯдаҳо бархостаанд, нисбат ба роҳбароне, ки худро исми роҳбар мемонанд, фарқияти куллӣ доранд, - ёдоварӣ кард ин дипломати афғон.

Ӯ дар идома аз вазъи имрӯзаи Афғонистон ва Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер сухан кард ва зикр намуд, ки Ҷабҳаи муқовимате, ки имрӯз дар Панҷшер таъсис шудааст, муқовимати насли дуввуми чунин абармардони шуҷои Афғонистон аст.

Ағбар дар идома “Толибон”-ро террорист номид ва гуфт, ки барои сари бархе аз онҳо Амрико садҳо миллион доллар ҷоиза таъин кардааст ва “онҳо дар садҳо инфиҷор, ки мардуми зиёде шаҳид шуданд, мустқиман даст доранд”.

- Итминон медиҳам, ки Толибон бо қувваи низомии мо суқут намекунанд, пеш аз он ки мо қувваи низомии худро бари онҳо истифода кунем, онҳо бо фишори мардум суқут мекунанд. Имрӯз Кобул зиндони кобулиён, Қандаҳор зиндони қандаҳориён, Ҷалолобод зиндони ҷалолободиён шудааст. Бо ин ваҳшат ҳеҷ кас розӣ нест, ки дар Афғонистон зиндагӣ кунаду бетафовут бошад, - хулоса кард Муҳаммад Зоҳир Ағбар.

Бурҳониддини Раббонӣ яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон аст. Ӯ 20-уми сентябри соли 2011 кушта шуд. Толибон он замон масъулияти қатли Бурҳониддин Раббониро ба ӯҳда гирифта буданд.

Раббонӣ дар Тоҷикистон аз маҳбубият бархӯрдор аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар аввали моҳи сентябр ба Бурҳонуддин Раббонӣ ва вазири собиқи дифои Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд ордени дараҷаи аввали "Исмоили Сомонӣ" дод.

Ҳукумати Тоҷикистон далели тақдими унвони олиро ба Раббонӣ ва Масъуд "мусоидат ва миёнҷигарии онҳо ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гуфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.