Шурӯъ аз имрӯз, 22 сентябри соли 2021 бинобар сабаби оғози таъмири роҳи кӯчаи Фирдавсӣ ҳаракати нақлиёт аз буриши кӯчаи Н. Қарабоев то буриши кӯчаи М. Қосимов қатъ мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, ба нақшаи хатсайрҳои нақлиёти мусофиркашонии автобусии №2, 18, 81, инчунин хатсайрҳои микроавтобусии №30, 42, 54, 57, 81 ва 88 тағйирот ворид гардида, фаъолияти онҳо то ба истифода додани роҳи кӯчаи Фирдавсӣ, тавассути кӯчаҳои Н. Қарабоев, Ҷанубӣ, Қосимов ва хиёбони А. Ҷомӣ ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрдорӣ нагуфтааст, ки таъмири роҳ чӣ қадар тӯл мекашад ва ҳаракати нақлиёт дар ин масир кай барқарор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.