Тоҷикистон бо ёрии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи пешин), ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, барои паноҳандагони афғон як урдугоҳ месозад, менависад Радиои Озодӣ.
Як манбаъи радио дар ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гуфтааст, барои сохтани урдугоҳ ё паноҳгоҳ дар баробари мавзеи Хирманҷо боз ду макони дигарро ҳам интихоб кардаанд.
"Сафири Иттиҳоди Аврупо ба дидани маконҳое меояд, ки дар онҷо урдугоҳ бояд сохта шавад. Пас аз ин, сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст", - илова кардааст манбаъ, ки нахостааст ному насабаш зикр шавад.
Гуфта мешавад, раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарии тобистонааш изҳор дошта буд, ки онҳо дар ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) бо кумакҳои созмонҳои байналмилаӣ як урдугоҳ месозанд.
Пеш аз ин Иттиҳоди Аврупо эълон карда буд, ки барои кумак ба паноҳҷӯёни Афғонистон дар хоки Тоҷикистон 160 ҳазор евро ҷудо мекунад. Дар баёнияи ин ниҳод аз 14-уми сентябр гуфта шуда буд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ВМКБ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, эҳтимол то 5 ҳазор фирориён паноҳ баранд.
Эълони Иттиҳоди Аврупо дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар мулоқоташ бо Мулугета Зевди, роҳбари намояндагии Комиссари олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон (UNHCR), аз набудани ёрӣ дар "20 соли гузашта" шикоят карда буд.
Пас аз суқути вилоятҳои шимолии Афғонистон ба дасти «Толибон», садҳо нафар ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон фирор карданд. Баъзе аз онҳо, бахусус низомиён, ба кишвари худ бозпас фиристода шуда, қисме дар вилояти Бадахшон ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд.
Иттиҳоди Аврупо бо такя ба UNHCR – Дафтари Созмони Милал дар умури паноҳандагон пешбинӣ кардааст, ки "то охири соли 2021 метавонад, дар Тоҷикистон то 50 ҳазор гуреза сабти ном шавад". Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Дар сурати зарурат, ҳар гуна кӯмак ироа хоҳад шуд”. СААД ба қазияи Украина ҳамроҳ мешавад?
Рӯзи 31-уми март дар Тоҷикистон истироҳатӣ аст
Боздошти 4 кас, ки худро корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ карда сокинонро ғорат мекардаанд
Расман: Имсол Рамазон 29 рӯз ва иди Фитр 30-юми март аст
Пешниҳоди ҷавобгарии ҷиноятӣ барои напардохтани маблағи барқ дар маҷлиси ҳукумат
Боздошти роҳбари як корхонаи давлатӣ ҳангоми гирифтани пора дар утоқи корияш
Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбари дипломатияи Аврупо
“Инсон бояд худро шиносад ва бо худаш рост бошад”. Аз рӯзгор ва корномаи нависандаи асарҳои пурмоҷаро Зариф Ғулом
Имкониятҳо зиёданд. Боз шудани сарҳад бо Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ фоида меорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста