Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда байни ҷонибҳо Русия аз 5 октябр шумори хатсайрҳои доимии ҳавоиро бо Тоҷикистон зиёд мекунад. Ситоди фаврӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар қаламрави Русия чунин тасмим гирифтааст, менависад Интерфакс.
Ба ин тариқ, аз 5 октябр шумори парвозҳо ба Тоҷикистон бо хатсайри Маскав - Хуҷанд ва Маскав - Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта зиёд карда мешавад.
Ғайр аз ин, шумори хатсайрҳо аз фурудгоҳҳои Русия ба шаҳрҳои Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб то ду парвоз дар як ҳафта ба ҳар кадоме аз хатсайрҳо низ зиёд мешавад.
Ситоди фаврии Русия инчунин дар бораи барқарор намудани алоқаи ҳавоӣ бо хатсайри Маскав - Ош (Қирғизистон) чор парвоз дар як ҳафта, хатсайри Санкт-Петербург - Бишкек, Санкт-Петербург - Ош ва Новосибирск - Ош, Красноярск - Ош, Екатуеринбург - Ош ва Иркутск - Ош як парвоз дар ҳар кадоме аз хатсайрҳо қарор қабул кардааст.
Илова бар ин, байни Маскав ва якчанд шаҳрҳои Ӯзбекистон (Бухоро, Урганҷ, Самарқанд, Намангон, Фарғона, Андиҷон, Тирмиз), инчунин аз дигар шаҳрҳои Русия ба Ӯзбекистон алоқаи ҳавоӣ боз мешавад.
Ёдрас мекунем, ки парвозҳои доимӣ аз Тоҷикистон ба Русия аз 27 август барқарор шуданд. Манбаи “Азия-Плюс” дар Агентии авиатсия гражданӣ он замон хабар дода буд, ки нархи билетҳо акнун ба андозаи 40% поин мераванд, лекин вазъ тағйир наёфт.
Дар бораи сабабҳои поин нарафтани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо суроғаи зерин маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста