Дар Душанбе 25-26-уми сентябр Фестивали тобистона Dushanbe Summer Fest доир шуд. “Наврӯзгоҳ” пур аз тамошобин аз сарорсари ҷумҳурӣ буд. Дар доираи кори фестивал намоиши маҳсулоту хадамот, чорабинищои фароғату дилхӯшӣ ва ҳамчунин  бо иштироки даҳҳо сароянда - Нобовар Чаноров, Фотима Машрабова, Барон, Баха 84, Мадина Ақназарова, Зулайхо, Мубориз Усмонов, Фарзонаи Хуршед, Шабнами Сурайё ва дигарон консерти калон баргузор шуд. Овозхонони деринтизор бошад, аз хориҷ омада буданд - Юлдуз Усмонова, Арон Афшор, Ҳомид Ҳирод.

Аз тафсилоти бештар навбатдори мо дар шаҳр гузориш медиҳад.