Нашри нав бо номи “Дюшанбе-Сталинобод-Душанбе. 1925-2021" ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Муаллиф ва таҳиягари албоми суратҳо таърихшинос ва публисисти маъруф Ғафур Шерматов мебошад. Ширкатҳои "Сиёма" ва "Газпром нефт - Тоҷикистон" ба сифати шарикон дар нашри албом саҳм гузоштанд.

Ин дуюмин нашри такмилёфтаи китоб аст. “Азия-Плюс” аввалин албоми аксҳои худро соли 2015 бахшида ба 90-умин солгарди пойтахти Тоҷикистон нашр карда буд. Ҳадаф аз нашри албоми нави аксҳо ба хонандагон нишон додани тағйирёбии шаҳри Душанбе дар давраи аз соли 1925 то соли 2021 аст.

Қисмати алоҳидаи албом ба давраи истиқлолияти Тоҷикистон ва ёдгориҳои нави меъморӣ бахшида шудааст. Бо варақзании саҳифаҳои албом хонанда метавонад бубинад, ки чӣ тавр аз шаҳре, ки дар солҳои 1920 аз хонаҳои похсагиву гилӣ иборат буд, тадриҷан бо як симои беназир ба пойтахти муосир табдил ёфт.

Дар муқаддимаи китоб суханони иштирокчии экспедитсияи Тоҷикистону Помир, узви вобастаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Николай Федоровский оварда шудааст, ки аввали солҳои 30-юми асри гузашта дар бораи Душанбе чунин навиштааст:

“Бунёди шаҳрро кадом як меъморони муъҷизакор тарҳрезӣ мекунанд. Биноҳо дар масофаи хеле тӯлонӣ аз ҳамдигар сохта шудаанд. Дар масофаи якчанд километр ҳоло ҳам кӯчаҳои сохтмонашон оғознагардида тӯл мекашанд. Лоиҳакашии шаҳр шояд ба сифати пойтахти ояндаи тамоми Осиё дар назар бошад...”.
Asia-Plus

Албоми суратҳо аз 223 саҳифа иборат буда, на танҳо акси бинову ёдгориҳои таърихӣ ва боғҳои пойтахтро дар бар мегирад. Дар он бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумотнома пешкаш мешавад.. Дар китоб аз аксҳои Бойгонии марказии давлатии Тоҷикистон ва бойгонии шахсии Ғафур Шерматов истифода шудааст.

Барои осонӣ албоми аксҳо ба се давра тақсим карда шудааст: солҳои 1925-1949; 1950-1991 ва 1991-2021. Ба гуфтаи Ғафур Шерматов, тайи 30 соли истиқлолияти давлатӣ симои пойтахти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфт: аксари биноҳои солҳои пешин тахриб ва ба ҷойи онҳо биноҳои нави муосир сохта шуданд. Тавсеъаи Душанбе ҳам ба паҳнову ҳам ба баландӣ идома дошта, ҳамасола дар Душанбе шоҳкориҳои нави меъморӣ ва боғу эстакадаҳои нав пайдо мешаванд.

Asia-Plus

“Танҳо бо огаҳӣ аз гузаштаи Душанбе метавон ба имрӯзи пурҷило ва пуршукӯҳии дурнамои густардаи он, ки даҳсолаҳои наздик барои ӯ боз мешаванд, баҳои арзандаву сазовор дод. Барои дарки он, ки ба меъморону муҳандисон ва бинокорони машғули кор дар Дюшамбе - Сталинобод чӣ андоза заҳмату ҷустуҷуҳои эҷодӣ ва фидокорӣ лозим буд, то ки дар ҷойи як пуштакӯҳи саҳроӣ яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Миёна - Душанбеи мо қомат афрозад.

Албоми нави аксҳо барои сокинони кунунӣ ва собиқи Душанбе ва ҳамчунин меҳмонони пойтахти Тоҷикистон тӯҳфаи олиҷаноб хоҳад буд. Дар назар аст, ки албоми суратҳо моҳи октябр ба фурӯш бароварда шавад. “Азия-Плюс” барои хариди ин албоми аксҳои таърихии нодир пешакӣ дархостҳо қабул мекунад.

Маълумоти муфассал бо телефони: (+992 93) 577 78 70 ё e-mail: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.