Дар Кинофестивали байнулмилалии “Дурдонаҳои Роҳи абрешим”, ки имрӯзҳо дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва яке аз ходимони маъруфи театру кинои тоҷик Сайрам Исоева ба ҷоизаи махсус сазовор дониста шуд.

Тандис (ҳайкалча, статуэтка) ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор доллар ба ҳунарманд барои саҳми арзанда дар рушди ҳунари кинои ҷаҳонӣ супурда шуд.

Ба ҷуз Сайрам Исоева, ба Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Русия) ва Нури Билге Ҷайлам (Туркия) низ ҷоизаи махсус тақдим шуд. Дар маросим ба ҷойи Раҷ Капур писараш ҳузур дошт.

Ҷоизаро ба Сайрам Исоева узви ҳайати ҳакамон Тимур Бекмамбетов ва мудири кулли Агентии кинематографияи Ӯзбекистон Фирдавс Абддухолиқов супурданд.

Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 дар Душанбе таваллуд шудааст, хатмкардаи Институти театр ва санъати Тошканд ба номи И. А.Островский мебошад.  Фаъолияти эҷодии ӯ дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мазҳакаи мусиқӣ ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз шуда, тайи ҳафт сол дар ин театр ба ҳайси саркоргардон фаъолият намуд.

Тавре дар сомонаи фестивал гуфта мешавад, дар ин фествал зиёда аз 150 филмҳои коргардонҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Русия, Туркия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш дода мешавад.

Дар доираи 13-умин Кинофестивали байналмилалии Тошканд - “Дурдонаҳои Роҳи абрешим” 4 филми истеҳсоли “Тоҷикфилм” ширкат мекунанд - “Автобус” - и коргардон Абдулҳай Зокиров, “Рақси зиндагӣ”- Муҳаббат Сатторӣ, “Сафарӣ ҳавоӣ”- Далер Рахматов ва «Сафи домодҳо» - Румӣ Шоазимов.

Ҳамчунин дар доираи кинофестивал Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар он беш аз 10 филми Тоҷикистон барои тамошобинони ӯзбек пешкаш мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.